Сипосгузории Туркия аз Тоҷикистон барои кумакҳои башардӯстона

Сафорати Туркия дар Тоҷикистон бо нашри чанд аксе дар твиттер аз ҷомеаи дар Тоҷикистон барои ҳамбастагӣ ва ҷамъоварии кумакҳои мардумӣ барои зилзилазадагони Туркия изҳори ташакурӣ кардааст.

Дар пайи рухдодани заминларза дар Туркия ва Сурия,

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 6-феврали соли ҷорӣ заминларзаи ба бузургии 7.5 ва 7.8 тибқи ҷадвали Рихтер манотиқи марзии Сурия ва Туркияро ларзонд ва дар натиҷаи ин заминларзаи шадид, беш аз 10 шаҳри калон дар Туркия ва Сурия хароб шуда, хонаҳо, роҳҳо, масоҷиду мактабҳо вайрон гаштанд ва афроди зиёде зери оворҳои биноҳои харобгашта мондаанд.

То замони таҳияи ин хабар омори кушташудагони заминларза дар Трукия ва Сурия дастикам ба 11 ҳазор нафар расидааст.

Туркия аз кушта шудани ҳаддиақал 8574 нафар ва ҷароҳат бардоштани 49,133 каси дигар хабар медиҳад. Дар манотиқи таҳти контроли Ҳукумати Сурия 1262 кушта ва 2285 маҷруҳ эълон шудааст. Дар манотиқи таҳти контроли мухолифини Асад бошад, омори куштаҳо 1400 ва маҷруҳин 2700 элон шудааст, ки дар маҷмуъ талафоти Сурия 2662 кушта ва 4985 маҷруҳро дар бар мегирад.

Ҳамзамон Тоҷикистон як гурӯҳи наҷоти 50-нафараро барои кумак ба манотиқи осебдида Туркия фиристода аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баҳс атрофи ҷазои 7 паҳлавон: корбари Фейсбук аз қарори Федератсияи ҷудо интиқод кард

Рӯзи 29-уми июн комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар...

Равнақи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон: Эътимоди сармоягузорон ё таваккали онҳо?

Чанд соли охир Тоҷикистон дар ҷалби сармояи хориҷӣ муваффақ...

Нуриддин Қаршибоев: Дар Тоҷикистон худсензура миёни рӯзноманигорон ва блогерон афзоиш ёфтааст

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев...

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи манбаъҳои нави сӯзишворӣ

Тоҷикистон дар пасманзари маҳдуд шудани воридоти маҳсулоти нафтӣ аз...