25 C
Dushanbe

СММ аз Тоҷикистон хостори озодии Ғаффор Мирзоев шуд

Гурӯҳи кории Созмони Миллали Муттаҳид дар умури боздоштҳои худсарона дар гузориши ахираш аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки собиқ генерали Фронти халқӣ Ғаффор Мирзоевро аз зиндон озод карда ба ӯ ҷубронпулӣ пардохт кунад.

Гурӯҳи кории СММ мегӯяд, боздошт ва эълони ҳукми абад нисбати Ғаффор Мирзоев мухолифи қонунҳои худи Тоҷикистон буда, дар ин ҳукм чандин қонуни Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ин кишвар поймол шудааст.

Аммо мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин иддаои Гурӯҳи кории СММ-ро рад намуда, дар посух гуфтаанд, ки боздошту эълони ҳукми абад нисбати Ғаффор Мирзоев “мутобиқи қонунҳои Тоҷикистон анҷом шуда”, ҳеч қонуншикание вуҷуд надорад.

Вакили дифоъ Скотт Мартин, ки қазияи Мирзоевро моҳи августи соли 2020 ба унвонии СММ фиристодааст ба Радиои Озодӣ гуфта, ки “маҳрум кардани Мирзоев аз озодӣ хилофи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошад”. Ва бояд мақомоти Тоҷикистон “ӯро билофосила озод карда, ҷубронпулӣ бидиҳанд”.

Аммо ба гуфтаи коршиносон ба эҳтимоли зиёд ин дархости СММ-ро мақомоти Тоҷикистон нодида мегиранд. Чуноне, ки таҷриба нишон дода, мақомоти тоҷик ҳамеша талабҳои СММ дар мавриди бечунучаро озод намудани зиндониёни сиёсии аъзоёни ҲНИТ, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Бузургмеҳр Ёров ва дигаронро нодида гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши “рейд”-и муҳоҷирон дар Челябинск

Дар вилояти Челябински Русия тафтиш ва амалиётҳои махсуси мақомоти қудратӣ болои муҳоҷирони корӣ афзоиш ёфтааст.

Кушта шудани чанд коргари афғон дар Тоҷикистон

Ба иттилои расонаҳо, 8 шаҳрвнади Афғонистон дар пайи як таркише дар кони истихроҷи ангишт воқеъ дар вилояти Суғди Тоҷикистон ҷон бохтаанд. 

Ҷанги Русия ва Украина ба поён мерасад?

Москва пешниҳод кард, ки музокирот бидуни ягон шартҳои муқаддамотӣ оғоз шавад, аммо Киев аввал мулоқоти рӯбарӯ бо Путинро талаб кард.

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.