Кушта шудани чанд коргари афғон дар Тоҷикистон

Ба иттилои расонаҳо, 8 шаҳрванди Афғонистон дар пайи як таркише дар кони истихроҷи ангишт воқеъ дар вилояти Суғди Тоҷикистон ҷон бохтаанд. 

Сомонаи афғонистонии “Ettilaatroz” зимни нашри аксҳо ва мушаххасоти ҳалокшудаҳо менависад, ки инфиҷор 9-уми май дар кони ангишт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст. Ин 8 ҷавони ҳалокшуда сокинони вилояти Дойкундии Афғонистон будаанд.

Расонаҳои Афғонистон мегуянд, 10-уми май ҷасадҳои онҳо бидуни иттилои ҳукумати Тоҷикистон ва бе гузоштани дар тобут махфиёна ба ин кишвар супорида шудаанд.

Далели таркиш ҷамъшавӣ ва оташ гирифтани газ дар дохили кон арзёбӣ мешавад. Вале то ҳол шарҳи расмии мақомдорон, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои вафқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон пиромуни ин ҳодиса дастраси расонаҳо нашудааст.

Ба ҷузъ Додситонии вилояти Суғд, ки ба “Радиёи Озодӣ” гуфтааст, тафтишот дар ин бора шуруъ кардаанд ва пас аз анҷоми он натиҷаҳои таҳқиқотро дастраси расонаҳо хоҳанд кард.

Манбаи мазкур мегӯяд, ки ҷавонон таҳсилкарда буданд ва тавассути як ширкати паймонкор, ки бо ширкати фаръии “Фароз” ҳамкорӣ доштааст, дар кони ангишти вилояти Суғд машғули кор шудаанд.

Ҳарчанд ширкати “Фароз” чанд сол пеш ихтиёрӣ барҳам дода шуда буд, вале таҳлилгарон бар ин назаранд ки ин ширкат тавассути ширкатҳои фаръии худ махфиёна ба кор идома медиҳад.

Расонаҳои афғонистонӣ ширкати паймонкорро, ки маълум нест чӣ ном дорад, ба бесалоҳиятӣ дар фароҳам кардани мутахассисон ва бепарвоӣ дар амнияти коргарон муттаҳам мекунад.

Ҳамчунин расонаҳои ин кишвар мегӯянд, ба далели бекорӣ дар Афғонистон ҷавонони Афғонистон барои дарёфти маош ба кишварҳои ҳамсоя рафта, ба фаъолиятҳои хатарноку сангин, аз ҷумла кӯҳкорӣ, ки маҳорат ва дониши лозим дар онҳоро надоранд, машғул мешаванд.

Бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳмиятии коргарон ҳангоми кор, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор, риоя накардани технологияи коркарди кон аз сабабҳои асосии ин гуна ҳаводис арзёбӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 бино ба иттилооти расмӣ, дар натиҷаи 48 ҳодисаи нохӯш дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон 30 нафар ҷон бохта, 26 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.