36.9 C
Dushanbe

СММ: дар ҷаҳон беш аз 40 млн нафар дар шароити ғуломӣ зиндагӣ мекунанд

Антонио Гутериш. Сурат: nsn.fm

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш гуфт, ки беш аз 40 миллион нафар дар ҷаҳон, ҳоло ҳам дар шароити ғуломӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба изҳороти расмии дабири кулли СММ хабар дод.

Дабири кулли СММ мегӯяд, беш аз 40 миллион нафар, шомили 25 миллион инсоне, ки водор ба кори маҷбурӣ шудаанд ва 15 миллион нафаре, ки ба зӯр издивоҷ кардаанд, қурбонии ғуломдории муосир ҳастанд.

Тибқи гуфтаи Гутерриш, беш аз 70% қурбониёни ғуломии муосир занон буда ва аксари онҳо ноболиғон мебошанд. Изҳороти дабири кулли ин созмон ба “рӯзи байналмилалии маҳви ғуломдорӣ” рост меояд.

Гутерриш хотиррасон кард, ки гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, намояндагони ақаллиятҳои нажодӣ, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва муҳоҷирон мебошанд. Ҳамчунин дар ин гузориши Дабири кулли СММ гуфта мешавад, ки қурбониёни қочоқи инсон ва тиҷорати ҷинсӣ, шомили ин гурӯҳ мешаванд.

Ӯ ҳамчунин аз истифодаи кӯдакон дар ҷангҳо изҳори нигаронӣ кард.

Антонио Гутерриш аз ҳамаи аъзои СММ даъват кард, ки дар ин самт барои решакан кардани “амалҳои нафратангези” ғуломдорӣ ва хариду фурӯши одамон талош кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак...

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.