13.9 C
Dushanbe

Интиқоди СММ аз саркӯби озодии баён дар Тоҷикистон

Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар аз вазъи бади озодии баён дар Тоҷикистон интиқод кард.

Волкер Турк, Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар дирӯз, 07-уми март зимни Иҷлосияи 52-юми ҳуқуқи башари ин созмон дар Женева баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар 40 кишвари ҷаҳонро ба миён гузошт.

Ӯ бо ибрози нигаронӣ гуфт: “Дар Тоҷикистон рӯзноманигорон ва блогнависони мустақил бо иттиҳоми терроризм ва ифротгароӣ ба муҳлати аз 7 то 21 соли зиндон маҳкум шудаанд, ки ин баёнгари саркӯби шадиди озодии баён дар ин кишвар мебошад.”

Ҷаноби Турк таъкид кард, ки мурофиаи додгоҳии ин рӯзноманигорон ба шакли пӯшида баргузор гардидааст, чун ба назар мерасад, ки дар мурофиаҳо ягон далели ҷиддии содир кардани ҷиноят пешниҳод нашудааст.

Ба гуфти Комиссари олии СММ, ин боздошту зиндонӣ карданҳо дар пайи шиддат гирифтани саркӯби озодии баён дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз минбари созмонҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи поймолшавии ҳуқуқи инсон мавриди интиқод қарор мегирад.

Мақомоти кишвар чанд соли охир бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм даҳҳо нафар аз фаъолон, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон ва озодандешони тоҷикро боздошт ва бо иттиҳомоти сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ чунин зиндониёнро бегуноҳ медонанд ва озодии онҳоро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, аммо мақомоти кишвар ҳамеша ин талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.