Содир Ҷабборов мехост курсии президентиро ба Тошиев вогузорад, аммо…

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфта, ки қаблан омода буд дар интихоботи президентии соли 2027 номзад нашавад ва аз номзадии “дӯсташ” ва собиқ раиси КДАМ-и ин кишвар Қамчибек Тошиев ҳимоят кунад. Ӯ дар ин бора дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Алӣ Токтакунов хабар додааст.

Содир Ҷабборов дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки пас аз анҷоми давраи шашсолаи президентияш дар соли 2027 ва дар ҳоли омода будани “Қамчӣ”, дигар дар интихоботи президентӣ иштирок намекард ва баъд аз президент шудани Тошиев ба истироҳат мерафт.

Ба гуфтаи Ҷабборов, ӯ қаблан Тошиевро аз чунин эҳтимол огоҳ карда, ба вай тавсия дода будааст, ки барои интихобот омода шавад ва ба атрофиёнаш низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳад. Аммо баъдан президент ба хулосае омадааст, ки “ҳамсафаш” барои президент шудан ҳанӯз омода нест.

Ҷабборов рафтори афроди наздик ба Тошиев, пайдо шудани “номаи 75 оқсақол” ва талошҳо барои тақсим кардани вакилони порлумон ба ҷонибдорони генерал ва дигаронро аз сабабҳои тағйири тасмимаш ном бурда, пас аз собиқ раиси КДАМ-ро даъват карда гуфтааст, ки “Ин тавр намешавад. Мардумро набояд ба гурӯҳҳо ҷудо кард… Барои ҳамин, хафа нашав, ман туро аз вазифа озод мекунам”.

Иддаои Ҷабборов дар ҳолест, ки 10-уми феврали соли 2026 Тошиев дар Олмон дар табобат қарор дошт ва он замон аз вазифаҳои раиси КДАМ ва муовини раиси Девони вазирон барканор шуда буд ва худи ӯ низ гуфта буд, ки аз барканорияш хабар надорад.

Бо вуҷуди ин, президенти Қирғизистон мегӯяд, Тошиев ҳамчун дӯсти ӯ боқӣ мемонад, аммо дигар нияти таъйин кардани ӯро ба ягон мақоми давлатӣ надорад. Агар раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) мустақилона тасмим бигирад, ки дар интихоботи президентӣ иштирок кунад, ба гуфтаи Ҷабборов, барои ӯ бояд мисли дигар номзадҳо шароити баробар фароҳам карда шавад.

Ба нақли худи Ҷаббров, дӯстии ӯ бо Тошиев аз соли 2005 оғоз шудааст. Баъдан ҳарду ба чеҳраҳои шинохтаи мухолифони сиёсии Қирғизистон табдил ёфта, соли 2012 ӯ, Тошиев ва Талант Мамитов пас аз тазоҳурот бо талаби миллӣ кардани кони тилои “Кумтор” ва кӯшиши иштирокдорони эътироз барои ворид шудан ба ҳудуди Кохи Сафед боздошт шуданд.

Пас аз буҳрони сиёсии моҳи октябри соли 2020, ки дар пайи он Ҷабборов ба қудрат расид, Тошиев ба яке аз ҳампаймонҳои калидии ӯ табдил ёфта, 16-уми октябри соли 2020 раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъйин шуд ва баъдан ҳамзамон вазифаи муовини раиси Девони вазиронро низ ба уҳда гирифт.

Дар панҷ соли баъдӣ Тошиев ба яке аз чеҳраҳои пурнуфузи ҳукумати Қирғизистон табдил ёфт ва дар ҳали мушкилоти марзӣ бо Тоҷикистон низ нақши калидиро бозидааст. Худи Ҷабборов бахши зиёди фаъолияти ӯро мусбат арзёбӣ кардааст, аммо гуфтааст, ки яке аз камбудиҳои асосии ҳамсафи собиқаш ин буд, ки натавонист рафтори дӯстону ҳамсинфон ва дигар афроди наздикашро назорат кунад.

Пас аз истеъфо раиси пешини КДАМ дар доираи парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми омодагӣ ба ғасби зӯроваронаи ҳокимият таҳти таъқиб қарор гирифт ва 2-уми июли соли 2026 Додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек ӯро дар доираи ин иттиҳом гунаҳкор дониста, ба чаҳор соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард, аммо ӯ ба колония фиристода нашуд. Аз рӯи иттиҳоми сӯиистифода аз мақоми хидматӣ Тошиев сафед карда шуд. Худи ӯ иттиҳомҳоро рад кардааст.

Ҳамчунин, пас аз барканории Қамчибек Тошиев, чанде аз назидокаш боздошту бозпурсӣ шуданд. Аз бародари хурдиаш Шаирбек Тошиев низ аз мақоми вакили парлумон даст кашида, 1-уми апрели соли 2026 бо иттиҳоми фасод дар парвандаи марбут ба ширкати давлатии “Қирғизнефтегаз” боздошт ва ба боздоштгоҳ фиристода шуд. Мақомот хисороти эҳтимолӣ ба давлатро дар ин парванда тақрибан 4,1 миллиард сом арзёбӣ мекунанд. Шаирбек Тошиев даст доштан дар амалҳои ғайриқонуниро рад кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон аз 20% бештар шудааст. Мушкил дар куҷост?

Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 20 дарсад ҳам бештар шудааст.

Вокуниши Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи марги як сокини ноҳияи Дарвоз

Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи кушта шудани сокини ноҳияи Дарвоз Ҷасминаи Ширинҷон (Ятимзода) вокуниш карда, ба ҷониби Афғонистон нотаи эътирозӣ фиристод.

Чаро аз болои “Душанбе Сити Бонк” шикоят зиёд аст?

Даҳҳо нафар аз сокинони вилояти Суғд аз тарзи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" ба Идораи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар шаҳри Хуҷанд шикоят бурдаанд.

Иттиҳоди Аврупо аз маҳдуд шудани озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард

Иттиҳоди Аврупо дар гузориши нави худ вазъи ҳуқуқи инсон ва демократияро дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ кард.