22.9 C
Dushanbe

Сокинон: Азоб мекашем азоб, аз бебарқӣ безор шудем!

Чанд сокини вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд ва онҳоро бе барқ гарм карда намешавад, аз бебарқӣ ранҷ мебаранд ва намедонанд дигар ба кӣ муроҷиат кунанд.

Акс аз навори гузориши бебарқӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Як сокини ноҳияи Ёвон, ки нахост номаш зикр шавад, дар тамос ба Аздо тв гуфт, дар маркази ноҳия дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунад ва барқ надоранд. “Дар инҷо агар барқ набошад умуман зиндагӣ карда намешавад. На хӯроки гарм дорем на хонаи гарм. Кӯдаконамонро ба қишлоқ фиристодем хонаҳои зешу табор”, гуфт манбаъ.

Ҳамсуҳбати Аздо тв дар идома афзуд, ки “масъулон набояд хонаҳои баландошёнаро бо хонаҳои заминӣ баробар ҳисоб кунанд, дар қишлоқ ҳезум пайдо мешавад, аммо дар баландӣ хонаро бо чӣ гарм кунем? Тамоми ҷо муроҷиат кардем, фақат мегӯянд барқ мешавад, вале кай мешавад номаълум”.

Ҳамчунин наворе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуда, ки дида мешавад аксари мардуме, ки дар баландошёнаҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд, барқ надоранд ва барои гарм шудани худ ва кӯдакони хӯрдсолашон ба берун мебароянд.

Мақомоти барқи ноҳия иддао кардаанд, ки муштариёни картавияшон бо барқ таъминанд. Аммо сокинон инро рад карда гуфтанд, агарчи барои харидани барқ корт ҳам доранд, вале барқ нест.

Дар навор дида мешавад, ки як модар, ки сокини хонаҳои баландошёна аст, бо гиря мегӯяд, “азоб кашида истодаам азоб, безор шидам аз бебарқӣ. Ман маъюбам, пойям дард мекунад миёнам дард мекунад, газ надорам, барқ нест, бечою хӯрок меистем.”

Аксари сокинон, ки имрӯзҳо аз бебарқӣ ранҷ мебаранд, мегӯянд, касе ба мушкилии онҳо расидагӣ намекунад. Ба иддаои сокинон дар баъзе навоҳӣ, кӯчае, ки раисон ва пулдорон зиндагӣ мекунанд, барқ ҳаст, аммо барои мардуми оддӣ нест.

Масъулини “Барқи тоҷик” пайваста ҷорӣ шудани лимитро рад мекунанд ва мегӯянд, ки дар зеристгоҳҳои барқӣ таъмир ҷараён дорад ва ин лимити муваққатӣ ба хотири он аст.

Аммо фаъолони ҷомеаи маданӣ ва сокинон мегӯянд, ки агар ҳукумат таъмир карданӣ бошад, ё мардумро огоҳ кунад ва ё ин ки пеш аз фаро расидани фасли сармо чунин корро кунад.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз бо аъзои Ҳукумат ҷаласаи корӣ дошт, дар мавриди бардоштани лимити барқ чизе нагуфт. Баръакс масъулонро барои захира кардани хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ супориш дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Покистону Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳуқуқиро тақвият мекунанд

Покистону Тоҷикистон тасмим доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ густариш диҳанд.

Қатли бераҳмонаи ду хоҳар ва як кӯдак дар Кӯлоб

Шаби 2-уми апрели соли ҷорӣ ду зан ва як кӯдаки шашсола дар шаҳри Кӯлоб кушта шуданд.

Марги як наваскар дар роҳ ба сӯи Душанбе

Рӯзи 2-юми апрел дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари канда шудани сангпора аз кӯҳ ва бархӯрди он ба автобусе, ки наваскаронро интиқол медод, як ҷавон ҷон бохтааст.

ВКД Қирғизистон: зарари расондаи Тошиев ба иқтисоди Қирғизистон беш аз 4,1 млрд аст

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳаҷми зараре, ки вакили собиқи парлумон Шаирбек Ташиев ба иқтисоди ин кишвар расондааст, эълон кард.