23.9 C
Dushanbe

Соли 2020 соли таъқибу боздошти қишри саводноку озодандешон

Боздоштҳои сартосарӣ ва машкук дар қаламрави кишвари азизамон дар ҳамин шабурӯзҳо ва оғози соли гузашта бо иттиҳоми узвият дар созмону ҳаракатҳои мазҳабӣ бори дигар ин масъаларо рӯ зад, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари афроди мутадайину мазҳабӣ қаҳри сахт дорад.

Дар шумори онҳое, ки ба иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” дастгир ва зиндонӣ шудаанд, танҳо муллову муллобачаҳо набуданд. Ҳамчунин устодони соҳибунвони донишгоҳҳи мухталифи кишвар, кормандони мақомоти ҳокимияти иҷроия, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва ғайраро низ шомил карданд.

Ин боздошту гирудорҳо тавре ҷилва дода шуд, ки кам мондааст, зимоми умур дар кишварро ин ташкилот бигирад. Вале ҳеҷ кадоме аз онҳо таъйид накарданд, ки узви ин ташкилотанд ва касе ҳам ёд надорад, ки “Ихвон-ул-муслимин” дар Тоҷикистон амал мекард ва ё ячейкаҳои пинҳокории худро дошта бошад. То ҳол мақомоти Тоҷикистон садҳо нафарро бо иттиҳоми пайравӣ аз Ихвон боздошт намудаанд.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 19-уми марти соли 2020 зимни суханронӣ дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ гуфта буд, ки айни ҳол шахсияти 314 тан аз афроди ин гурӯҳ муайян шуда, 154 нафари онҳо дар боздошт ҳастанд.

Вакилони гумонбаршудагон дар қазяи “ихвониҳо” мегӯянд, парвандаҳо зери муҳри “махфӣ” баррасӣ мешавад ва ба ин хотир аз додани маълумот дар ин бора ба расонаҳо худдорӣ мекунанд. Аммо мақомот чизи дигар мегӯяд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯз 20-уми июли соли гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфт, баррасии парвандаи “ихвониҳо”, “махфӣ” нест.

Ӯ гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир баррасии парвандаи 103 тан гумонбаршудаҳо дар додгоҳ идома дорад ва ду нафари ба қавли ӯ муттаҳамон шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Ба эҳтимоли қавӣ сухан дар бораи ду устоди Мисрӣ ҳаст, ки дар донишкадаи исломӣ дарс мегуфтанд.

Радиои Озодӣ пештар хабар дода буд, ки бо маълумоти тасдиқнашуда, дар миёни боздоштшудаҳо раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара ва 20 донишҷӯи донишгоҳҳои олии кишвар, бахусус Донишгоҳи исломӣ, зодагон ва сокинони шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Исфара, ноҳияи Рӯдакӣ ва ғайра ҳастанд. Чанде аз гумонбаршудагон дар “Маркази маърифат ва таълими маърифат-2012” омӯзгор ва донишҷӯ будаанд.

Дар моҳи январи соли гузашта таҳлилгар ва журналисти мустақили тоҷик, Далер Шарифовро нерӯҳои амниятӣ боздошт ва ба як соли зиндон маҳкум карданд, ки ахиран рӯзи 29 январи соли ҷорӣ ба озодӣ баромад. Сабаби боздошт ва маҳкумияти ӯ ҳам ин буда, ки дар бораи ҳазрати Муҳаммад (с) китобе таълиф карда ва дар он аз осори мамнӯъаи мазҳабӣ нақли қавл кардааст. Мунтаҳо ӯро низ барои гароиш ва ташвиқи ақоиди мазҳабӣ муқассир шинохтанд.

Дар ҳамин ҳол, хабарҳои боздошт шудани шаҳрвандон дар робита ба узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” тақрибан аз ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон мерасид. Як мақоми баландпояи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карда буд, ки 5 устоди ин донишкада низ аз сӯи мақомот дастгир шудаанд. Ва мақомоти интизомӣ ба онҳо ҳушдор дода, ки аз суҳбат бо расонаҳо дар ин бора худдорӣ варзанд. Муаллимони боздоштшуда аз забони арабӣ дарс мегуфтаанд.

Сомонаи “Ахбор.ком” бо такя ба манобеаш рӯзи 19-уми январи соли гузашта навишта буд, ки Тоҷиддин Яъқубов, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар миёни боздоштшудаҳо ҳаст. Ба ҷуз аз устодони донишгоҳҳо, инчунин Абдухолиқ Ҳасанов, як тоҷири тоҷик Исмоил Қаҳҳоров домоди хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо рӯҳониёни маъруфи кишвар ва Фирдавс Раҳимзода, раиси Идораи амволи давлатии шаҳри Исфара боздошт шуда буданд.

Дар зер исми 18 нафрест, ки расонаҳо аз боздошти онҳо хабар доданд ва ҳамагӣ аз муҳассилони сатҳи олӣ дар кившаранд, ки баъзе аз ин афрод унвони докториро дарёфт кардаанд. Маълум нест, ки чӣ зурарурате пеш омадаву мақомот ин кадрҳои соҳибихтисоси баландро пушти панҷара барад? Ва чаро ба ном чанд “олиме”, ки дуздиашон аз ҷониби диссернет ошкор шудаву дар вазифаҳои баланди давлати кору фаъолият доранд?

Номҳои чанде, ки боздошт шудаанд:

1.Сатторов Икромшоҳ, сармуаллими Донишкадаи забонҳо, собиқ мудири шуъбаи забонҳои хориҷии Донишкадаи забонҳо, факултети Авруосиё. Зодаи ноҳияи Данғара.

2.Сафаров Меъроҷиддин, доктори илмҳои забоншиносӣ, корманди радио. Зодаи ноҳияи Файзобод.

3. Тоҷиддин Яқубов, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

4. Абдулваҳҳоби Абдуманнон, докторанти ДМТ, собиқ устоди Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам. Зодаи ноҳияи Восеъ.

5. Фирдавс Раҳимӣ, Раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара, собиқ раиси шаҳраки Шӯроб, собиқ раиси ҷамоати Чоркӯҳ. Зодаи Исфара.

6. Қаҳҳоров Исмоил (Мулло Исмоил, домоди Тӯраҷонзодаҳо), шоир, узви Иттифоқи нависандагон ва муаллифи чанд маҷмӯаи шеърӣ, ба мисли “Насимнома”. Зодаи Ваҳдат.

7. Мулло Қурбоналӣ, набераи Мулло Сафаралӣ, имомхатиби собиқи масҷиди Бохтар бо тақрибан 25 шогирдаш.

8. Амриддини Аслиддин, муаллим аз Фархор.

9. Убайдуллох, муаллим аз ноҳияи Нуробод.

10. Аҳлиддин Ҳалимов, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Ҷалилов.

11. Ҳасанов Абдухолиқ, аз Душанбе.

12. Абдуллоев Муслиҳиддин Отамуродович, с.т. 1983, зодаи ҷамоати Тутқавули Норак.

13. Қорӣ, набераи Абдулло-Сиёҳак, с.т.1991, аз ҷамоати Тутқавули Норак.

Бо иттиҳоми ихвонӣ зиндонӣ кардани сокинон чизи нав нест, ҳанӯз мақомоти Тоҷкистон дар соли 2016 ҳудуди 20 нафар имомхатибонро дар Суғд барои шомил будан дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ба зиндон фиристоданд.

Мақомот ба ғайр аз “Ихвониҳо” низ даҳҳо нафари диагарро бо иттиҳоми Салафият ё Ҷамоати таблиғ равонаи зиндон кардааст, ки мисли онҳо дар миёнашон табибону рӯҳониёни машҳур буданд. Эшони Сироҷиддин аз қабили онҳост, ки баъди раҳоӣ аз зиндон боз дар соли 2021 ӯро аз нав боздошт карданд.

Ва ахиран зиёда аз 40 нафар хатмкардагони Донишгоҳи Ал-Мустафои Эронро дар соли гузашта путши дарҳои баста ба солҳои гуногун равонаи зиндон карданд. Наздикони қисме аз онҳо мегӯянд, онҳо бо баҳонаҳои бофта ва иттиҳомоти ғайривоқеӣ боздошт, шиканҷа ва бидуни дастрасӣ ба вакили мудофеъ муҳокима шудаанд.

Исмҳои дигаре, ки қисме аз онҳо дар қазияи “муҳассилини Эрон” боздошт ва зиндонӣ шудаанд:

1. Абдураҳмон Холисов, хатмкардаи фалсафаи исломӣ ва забону адабиёти форсӣ ва мутахассиси тибби исломӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

2. Абдулвоҳид Мирзоев, оиладор соҳиби 2 фарзанд маҳкум ба 12 соли зиндон шуд.

3. Баҳриддин Қурбонов ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

4. Исломиддин Файзалӣ (Маркази маориф) ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

5. Раҳим Иброҳимов, хатмкардаи фалсафаи исломӣ, ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

6. Салоҳуддин Нуруддинов, доктори илми тасаввуфи исломӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

7. Сайидмурод Обидов, доктори Қуръон ва ҳадис, ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

8. Зафар Ғафуров, доктори илмҳои Қуръон, ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

9. Мустафо Амруллоҳзода, хатмкунандаи калони теологияи исломӣ, ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

10. Муҳаммадӣ Соҳибназаров  ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

11. Руҳуллоҳ Қаландаров, хатмкардаи магистри улуми Қуръон, ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.

12. Муҳиддин Каримов, оиладор соҳиби 3 фарзанд маҳкум ба 14 соли зиндон.

13. Муҳаммадалӣ Исломов оиладор соҳиби 2 фарзанд маҳкум ба 7 соли зиндон.

14. Зайналобуддин Наҷмиддинов, оиладор соҳиби 5 фарзанд ба 5,6 сол зиндон маҳкум шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон аз вазири корҳои дохилии ин кишвар Абдуризо Раҳмонӣ Фазлӣ бо номае дархост карданд, ки ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо мақомоти тоҷик масъалаи бозҷӯӣ ва боздошти донишҷӯёнеро, ки дар Ҷумҳурии исломии Эрон таҳсил кардаанд, матраҳ кунад.

Дар нома гуфта мешавад, ки беш аз 50 нафар таҳсилкардаи Эронро дар Тоҷикистон бо баҳонаҳои мухталиф боздошту бозпурсӣ ва ҳатто равонаи зиндон кардаанд.

Инчунин расонаҳои дохилии Эрон низ номаи “Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик”-ро нашр кардаанд, ки дар он гуфта шудааст, “тайи моҳҳои охир мақомоти амниятии Тоҷикистон теъдоде аз шаҳрвандони худро, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил кардаанд, бо баҳонаҳои ифротгароӣ, терроризм ва ҷосусӣ ба нафъи Эрон айбдор карда ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон карданд.

Ёдовар мешавем, ки Абдуризо Раҳмонӣ Фазлӣ, вазири умури дохилаи Эрон ҳафтаи пеш бо як сафари расмӣ дар Душанбе ҳузур дошт ва баъд аз мулоқот бо мақомоти баландпояи тоҷик ба Теҳрон баргашт. Зоҳиран, вазири эронӣ ва мақомоти тоҷик ба ин нома вокунише нишон надодаанд.

Ҳамин тавр ҷамъе аз наздикону бастагони хонаводаҳои зиндониҳои сиёсии тоҷик аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки дар ватан ба сар мебурданд, низ дар соли гузашта бо тӯҳматҳои мушобеҳ, ҳамкорӣ бо террористон ва наҳзатиҳо дастгир ва зиндонӣ карданд.

Барои мисол Асрориддин Розиқов, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви РО ҲНИТ, ки ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, дар моҳи июни соли 2020 дастгир карда ва барои 5 сол равонаи зиндон каданд. Иттиҳоми ӯ ин буда, ки кумакпулиҳои фиристода аз тарафи муҳоҷирону наздикони дар муҳоҷират будаи ин зиндониҳои сиёсиро ба наздиконашон расондааст. Ва ҳамроҳ бо ӯ боз ду нафари дигарро низ ҳамин тавр маҳкум ба зиндон карданд.

Боздошти 6 солу 8 моҳ маҳкум ба зиндон кардани Ҷалолиддини Маҳмуд, узви собиқи РО ҲНИТ дар соли гузашта худ исботи ҳамин иддаъост, ки роҳбарияти кишвар бо афроди мутадайин ва мазҳабӣ мушкил дорад ва ҳар нигарониву тарсу бимашон аз ҳамин қишр аст.

Ҷалолиддини Маҳмуд, ки дар доираи қонуни афв дар соли 2019 озод шуда буд, ӯро бо иттиҳоми гӯё бо роҳи зӯроварӣ тағйири сохти конститутсионӣ муттаҳам карданд, ки ба гуфтаи коршиносон бидуни шак чунин иттиҳомот муътамад нахоҳад буд. Зеро Ҷалолиддини Маҳмуд тоза аз маҳбас раҳо шуда буд ва дигар ҳам ин аст, ки ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ба танҳоӣ чунин амалро анҷом дода наметавонист.

Албатта, дар шумори боздоштҳои баҳсбарангез ва машкук боздошти Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб ва дар гузашта узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон буд, ки барои 12 сол маҳкум ба зиндон шудани ӯро ҳам метавон тазаккур дод, ки ҳам иттиҳом ва ҳам бо ин муҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум карани ӯ суолбарангез мебошад.

Барои мисол, иттиҳоми заминфурӯшӣ ва 400 ҳазор сомонӣ пора гирифтани ӯ дар шароити феълии икшвар, ки фасод сартопойи сатҳи давлатиро фаро гирифтааст, иттиҳоме ҷиддӣ шуморида намешавад. Чун танҳо ӯ нест, ки замин фурӯхта бошаду пора гирифта бошад.

Заминфурӯшӣ як кори маъмулии мақомот дар минтақаҳо аст ва 400 ҳазор сомонӣ, яъне ҳудуди 40 ҳазор доллар ҳам барои мансабдоре пуле нест, ки барои он раиси як шаҳрро зиндонӣ кунанд. Чун тамоми раисҳо дар шаҳру навоҳӣ садҳо маротиба бештар аз ин дуздӣ мекунанду пора мегиранд. Яъне Иноятзода дар ин миён истисно ва тоқаи ҷудобофта нест.

Фаъолону корбарони шабакаҳои маҷозӣ бар ин назаранд, ки инҷо чӣ гапе дигар ҳаст, шояд таҳқири оммавии хусури Зарина Раҳмон бошад, ки Иноятзода ӯро бо тамасхур “Хоҷа Аҳрори Валӣ” гуфт?

Дар ҳоле, ки худи Иноятзода замоне ҳукмашро дар додгоҳ қироат карданд эътироз кард, ки дар Тоҷикистон адолати судӣ нест ва ӯ сарбози Ҷаноби олӣ ҳасту то ҳамин ҳоло барои ӯ хидмат кардааст. Ин ба он маъност, ки Иноятзода танҳо як қурбоние беш нест. Ба ҳар сурат боздошту ҳукми зиндонии ӯ ҳам бармегардад ба тасмиму қарори Раҳмон ва хонаводаи ӯ.

Ҳамчуноне, ки Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ-ро, ки бо иттҳоми авбошӣ дастгир кардаву ҳоло болои ӯ иттиҳом кардаанд ҳолати Зайд Сайидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистонро ба хотир меоварад, ки тамоми айбҳои иқтисодиро болояш бор карданд, аммо чун диданд, ки бо пардохти ҷуброн метавонад раҳо шавад бардурӯғ болои ӯ иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғро заданд. Аммо он ноболиғи таҷовузшуда дар додгоҳ надонист, ки Зайд шалвори ӯро бо ду даст бадар кард ва ё як даст…

Ҳоло “заказ” он шуд, ки Маҳмурод Одинаев бояд 14 сол бишинад, чун ӯ алайҳи Пешво даъват ба тазоҳурот кард. Ва ҳар касе ҳам, ки равиш ва роҳеро паймудан хост, ки муқобили гуфтаи ҳукумати феълӣ ҳаст ӯ бояд зиндон равад, гарчанде ин кор дар тамоми кишварҳои демократӣ ҳаққи қонунии шаҳрвандӣ дониста мешавад.

Манзури мо мусибат ва фоҷеаи ба сари Донаёр Набиеви 80-сола аст, ки барои 7 сол аз озодӣ маҳрумаш карданд. Ва гуноҳаш ҳам ин буд, ки ба бастагони аъзои зиндонии ҲНИТ кумакҳои наздиконро расонидааст. Қазия боз ҳам бармегардад ба афроди мутадайин ва мазҳабӣ.

Мақомоти Тоҷикистон на инки соли гузаштаро бо дастгир ва зиндонӣ кардани онҳо оғоз бахшид, балки тӯли сол ҳамин корро карду солро ба ҳамин дастгиру муҷозот кардани ин қишри ҷомеа ба поён бурд. Тамоми созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқ, баландтарин марҷаъи сиёсии дунё Созмони Милали Муттаҳид, дигар ташкилотҳои давлатӣ назири САҲА ва Иттиҳоди Аврупо ин боздоштҳоро маҳкум карда раҳоии онҳоро талаб карданд.

Дар бораи чунин тарзи муносибати мақомоти тоҷик бо қишре аз ҷомеаи ин кишвар коршиносон ва таҳилгарон чунин меандешанд, ки чаро ин қадар фишору таарруз болои гурӯҳҳо ва афроди мутадайини Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш пайдо карда истодааст. Дар ҳоле ҲНИТ-ро бастанд ва мантиқан мебоист сокит мешуданд, ки дигар рақиби бақуввати ба истилоҳ мазҳабӣ надоранд ва пуштибонии хеле ками мардумро дорад.

Коршиносон ва таҳлилгарон ин тарзи бархӯрди мақомоти тоҷикро аз ду нигоҳ тафсир мекунанд:

Яке ин аст, ки мақомоти тоҷик талош дорад нишон бидиҳад, ки алтернативаи ӯ ҳамин гурӯҳҳои мазҳабианду агар ӯ пешгирӣ накунад онҳо қудратро хоҳанд гирифт.

Дуввум бо ҳамин боздоштҳову муҷозотҳо нотавонӣ ва заъфи мудирияти худро дар рафъи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мардум ҷуброн кунад.

Бо инки як сол аз замони боздошти онҳое, ки дар ҳамкорӣ ва ё узвият бо “Ихвон-ул муслимин” мегузарад ва бархе аз онҳо маҳкум ҳам шудаанд, ҷомеаи кишвар намедонад, ки онҳо чӣ ҷинояте содир кардаанд ва чӣ таҳдиде барои мардум доштаанд.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Шакли видеоиро инҷо тамошо кунед:

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.