15.9 C
Dushanbe

Солрӯзи оғози қатлҳои ом дар Бадахшон

Аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, фаъоли ҷомеаи маданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки тавассути кормандони мақомоти амниятӣ кушта шуд, як сол гузашт.

Акс аз саҳфаи Помир Нюс

Имрӯз, 25-уми ноябри соли 2022 аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, ки ба дунболи он мақомоти қудратии Тоҷикистон дар чанд марҳила наздик ба 50 нафар аз додхоҳону эътирозгарони бесилоҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро куштанд, як сол пур мешавад.

25-уми ноябри соли 2021 кормандони мақомоти амнияти Тоҷикистон барои дастгир кардани Гулбиддин Зиёбеков ба деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ рафта, ин фаъоли ҷомеаи маданиро аввал аз хонааш боздошт, баъдан дар пушти хона шиканҷа ва дар роҳ то маркази вилоят ӯро ба зарби чанд тир ба қатл расонида буданд.

Далели мақомоти амниятӣ барои боздошти Гулбиддин Зиёбеков он буда,ки дар соли 2019 ёрдамчии прокурори ин ноҳия Абдусаллом Абирозодаро, тиқби эътирофти худи ӯ, ки дар наворе сабт шудааст, ба “духтарбозӣ” муттаҳам будааст, ва чанд нафар аз ҷавонони маҳаллӣ, аз он ҷумла Гулбиддин Зиёбеков ба сурати “ғайриқонунӣ” Абирзодаро боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Пас аз қатли Гулбиддин Зиёбеков модараш ҷасади ӯро гирифта ба Хоруғ, маркази ин вилоят бурд ва аз мақомот хост, ки қотилони писарашро боздошт ва дар панҷаи қонун бисупоранд.

Дар ин додхоҳӣ ҷавонони зиёде аз ноҳияҳои Роштқалъа, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ иштирок карданд. Дар рӯзҳои 26 ва 27-уми ноябри соли 2021 доманаи ин гирдиҳамойӣ дар шаҳри Хоруғ васеътар ва сипас дар феҳристи хостаҳои онҳо барчидани постгоҳҳои ғайриқонунии мақомот дар дохили шаҳр ҳам илова шуд.

Аммо мақомот ба ҷои посух гуфтан ба ин ҷиноят, алайҳи ин додхоҳон тир холӣ карданд ва дар натиҷа Тутишо Амришоев ва Гулназар Муродбеков ҳам бо тири мақомот кушта ва чандин каси дигаре ҳам захмӣ шуданд. Мардум аз тарси қатли ом нашудан, пароканда ва оҳиста-оҳиста майдонро холӣ карданд.

Модари Гулбиддин Зиёбеков ҳам бидуни он ки қотилони писарашро ёбад ва дар панҷаи қонун бисупорад, ноумед ҷасади беҷони писарашро гирифта дубора ба зодгоҳаш деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа баргашт ва ҳамонҷо ӯро ба хок супорид. Ворисони Тутишо Амришоев ва Гулназар Муродбеков ҳам ҷигарбандони худро бурда ба хок супориданд.

Бо ин вуҷуд, ворисон ва наздикону пайвандони ин шаҳидоне, ки бо тири мақомот ба ноҳақ кушта шудаанд, хуни онҳоро фаромӯш накарданд ва борҳо аз мақомоти олии Тоҷикистон, аз он ҷумла Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ ва раиси Дастгоҳи Президенти Тоҷискитон Озода Раҳмон ва ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам додхоҳӣ карданд, вале ин ҳама талошҳо бенатиҷа поён ёфт.

Аз сӯи дигар, мақомоти Тоҷикистон ҳам бо дарки ин додхоҳиҳо, ки ҳар сари чанд вақт ин мавзӯъро аз нав зинда мекард, нороҳат буданд ва барои хомӯш кардани ин садоҳои ҳақ ва ҳуқуқталабӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшакашӣ мекарданд.

Гуфта мешавад, мақомоти кишвар барои амалӣ кардани ин нақшаҳои худ баҳона меҷустанд. Аввал хостанд дар моҳи январ, нашуд, моҳи февралро интихоб карданд, муваффақ нашуданд, дар моҳи март ва апрел вазъиятро хеле мураккаб ва нигаронкунанда карданд ва мунтаҳо моҳи майи соли ҷориро барои анҷоми террори додхоҳон, ки мақомот онҳоро террорист ҳам гуфтанд, вақтро мувофиқтар ёфтанд.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ мақомот то тавонистанд, албатта бо супориши бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мардумозорӣ карданд. Заданду шиканҷа намуданду захмиҳои зиёдеро ба ҷо гузоштанд ва то тавонистанд афроди мехостаашонро куштанд. Бо ин вуҷуд, ҳанӯз ҳам теъдоди дақиқи захмиҳо, боздоштшудаҳо ва онҳое, ки аз ин вилоят ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд, маълум нест.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.