32.9 C
Dushanbe

Созмонҳои байналмилалӣ озодии Манучеҳр Холиқназаровро талаб доранд

Ҳафт созмони байналмилалии ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон озодии беқайду шарти зиндонии сиёсӣ ва адвокати шинохта Манучеҳр Холиқназаровро талаб доранд.

Имрӯз, 3-уми апрели соли 2023 созмонҳои “International Partnership for Human Rights” (IPHR), “World Organisation against Torture” (OMCT), “Human Rights Watch” (HRW), “Helsinki Foundation for Human Rights” (HFHR), “Norwegian Helsinki Committee” (NHC), “Frontline Defenders”, “International Federation for Human Rights” (FIDH) ва “Freedom Now” бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, ки иттиҳомоти сохтаро алайҳи адвокати зодаи Бадахшон Манучеҳр Холиқназаров ва ҳомиёни дигари ҳуқуқ бекор намоянд.

Дар ин баёния Бриҷит Дюфур, мудири Ҳамкории Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи Башар гуфтааст, ки Манучеҳр Холиқназаров ҳомии барҷастаи ҳуқуқи башар ва муборизи зидди беадолатӣ буда, зиндонӣ карданаш амали шармовар аст.

Хонум Дюфур таъкид мекунад, ки “ҳар рӯзе, ки ӯ паси панҷара мегузаронад, баёнгари боз ҳам бадтар шудани вазъи ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон аст.”

Дар идома баёния Гералд Стаберок, дабири кулли Созмони байнулмилалии зидди шиканҷа гуфтааст, “Манучеҳр Холиқназаров ва ҳамкоронаш аз Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир солҳои дароз ба ҷабрдидагон мадад расонда, ба таври осоишта ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва дастрасиро ба адолат дар ВМКБ таъмин мекарданд.”

Дар баёнияи инчунин, дабири кулли Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ Берит Линдеман мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон бо бастани созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷиноӣ эълон кардани кори ҳомиёни ҳуқуқи башар, маъракаи худро барои аз байн бурдан ва хомӯш кардани ҳама гуна садоҳои интиқодӣ дар кишвар идома медиҳанд.

Ин созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки ба ҳамаи гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷозат дода шавад, ки бидуни мамониат кор кунанд ва ҳама иттиҳомоти қалбакӣ алайҳи Холиқназаров ва дигар ҳомиёни ҳуқуқро лағв кунанд.

Манучеҳр Холиқназаров моҳи майи соли 2022, дар пасманзари ҳодисаҳои ахири Бадахшон боздошт ва моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳомоти сохта яъне ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнуъ ба 16 сол зиндон маҳкум шуд.

Холиқназоров то замони боздошташ мудири Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир буд ва моҳи ноябри соли 2021 ба “Комиссияи 44”, ки  дар ҳамкорӣ бо муфаттишони Додситонии кул кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков ва беназмиҳоро дар маркази ВМКБ таҳқиқ мекарданд, пайваста буд. Ҳоло аксари аъзои ин комиссия бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон гаштаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.