Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, ки кай вируси карона аз байни мо меравад

Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар як изҳороти ахири худ рӯзи ҷумъа 21 август баён дошт, ки вируси корона (COVID-19) то камтар аз ду соли дигар дар байни мардуми ҷаҳон боқӣ хоҳад монд. Ӯ ин гуфтаҳоро бо такя ба таҷрибаи башарӣ бо вирусҳои қаттоли асри гузашта ироа доштааст.

Директори генералии Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейюс зимни изҳороташ афзуда, ки зукоми испании соли 1918, ки дар Амрико ва Аврупо паҳн гашта буд, тақрибан ҷони 50 млн инсонро рабуд ва шуюъи он ду сол идома пайдо кард.

Директори ин созмони ҷаҳонӣ сабаби аслии оламгир шудани ин вирусро дар баҳампайвастагии ҷомеаҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ кард, ки бо сафару сайёҳат ва кору зиндагӣ имрӯз ҳама аз як кишвар ба кишвари дигар сафар анҷом медиҳад ва равуо байни инсоният бештар шудааст. Аммо “дар айни ҳол мо донишу технологияи беҳтар дорем, ки метавонем камтар аз ду сол онро маҳв кунем “,- мегӯяд Тедрос Адханом.

Вируси ҳамагири корона, ки бори аввал 15 декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин сабт шуда буд ва тадриҷан ба кишварҳои дигари олам сироят кард, то рӯзи ҷумъа, 21 августи соли 2020, беш аз 23 миллион нафар дар саросари ҷаҳон сироят ёфта ва ҷони беш аз 800 000 одамро рабудааст.

То имрӯз баъзе кишварҳо ва инчунин пажӯҳишгоҳҳову озмоишгоҳҳои алоҳида иддао кадраанд, ки барои сохтани ваксинаи вируси корона ё розӣ шудаанд ва ё дар ҷараёни тавлиди бештари онанд, ё дар марҳилаи ниҳоии сохти он ҳастанд. Аммо то ба ҳол, ягон ваксинае нест, ки аз ҷониби кишварҳо, пажӯҳишгоҳҳои бонуфузи таҳқиқотӣ ё ниҳодҳои қабули тасмимҳои тиббӣ ва тандурустӣ ба монанди Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба фурӯш бароварда шуда ё тасдиқ шуда бошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷанҷоли халабонҳо ҳангоми парвоз ва нишасти изтирорӣ дар Табук

Ҳавопаймои ширкати "Flydubai", ки аз Дубай ба самти Тел-Авив парвоз мекард, рӯзи 30-уми сентябр ҳангоми парвоз дар шаҳри Табуки Арабистони Саудӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод.

Афзоиши фишорҳо болои хонаводаи раиси нави НИТ

Мақомоти амниятии Тоҷикистон фишорро болои хонаводаи Исломҷон Саидов, раиси тозаинтихоби Наҳзати исломии Тоҷикистон бештар кардаанд.

Галустян бо вуҷуди мавҷи интиқодҳо ба Тоҷикистон омад

Бо вуҷуди эътирози фаъолон ва сокинон мақомоти кишвар ҳаҷвнигори арманитабор Михаил Галустянро, ки солҳо миллати тоҷикро таҳқир мекард, ба Душанбе даъват карданд.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ОМ пасттарин иқтисодро дорад

Тоҷикистон дар миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ яке аз хурдтарин иқтисодҳоро дорад.