26.9 C
Dushanbe

СҲШ: Набояд дар муноқишаҳои марзӣ аз силоҳ истифода шавад

Кумитаи иҷроияи Созмони ҳамкории Шонҳой бо нашри изҳороте аз шиддат гирифтани вазъ ва даргирии мусаллаҳона дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Созмони ҳамкории Шонҳой, ки Тоҷикистону Қирғизистон узви он ҳастанд, дар

Айни замон вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муътадил арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, омилҳои даргирии ин муноқишаи мусаллаҳона аз ҷониби комиссияи муштаракаи сохторҳои дахлдори ҳарду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Мақомоти ду кишвар дар даргирии муноқишаи мусаллаҳонаи навбатӣ, ки яке аз сабабҳояш роҳбандӣ гуфта мешавад, ҳамдигарро гунаҳкор медонанд. Пештар мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба истифодаи гранатомиёт ва миноиёт айбдор карда буд, аммо дар навбати худ мақомти тоҷик дар изҳороти субҳи 28-умаш низ ҷониби Қирғизистонро ба ҳамин айб муттаҳам кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба ИМА

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки судури раводиди муҳоҷиратӣ барои тоҷикистониҳоро афзоиш додааст.

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид.