Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ эълом кард, ки барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон силоҳу таҷҳизоти низомӣ мефиристад.
Имангали Тасмагамбетов, Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ дар маҷлиси Шӯрои парлумонии ин созмон дар шаҳри Бишкеки Қазоқистон гуфт, ки ин созмон аз соли 2026 фиристодани силоҳ ва таҷҳизоти низомиро барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз хоҳад кард.
Дабири кулли СПАД гуфт, ки ҳадаф аз ин кор пешгирӣ аз таҳдидҳо ва осебпазирӣ аз хоки Афғонистон аст. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки ирсоли таслиҳот ва таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон ба маънои тақвияти марзҳои ҷанубии ин созмон аст.
Гуфта мешавад, барномаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар се марҳила иҷро шуда, он то соли 2030 идома хоҳад ёфт. Ҳадафҳои ин барнома тақвияти зерсохторҳои низомӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва афзоиши тавоноии ин кишвари узви СПАД барои посухи сареъ ба таҳдидҳои фаромарзӣ аст.
Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон мақомоти Тоҷикистон ҳамешава аз таҳдидҳои фаромарзӣ аз ҷониби ин кишвари ҳамсоя ба созмонҳо ҳушдор медиҳанд. Вале, Толибон борҳо гуфтаанд, ки ҳамсояҳо набояд аз мо эҳсоси хатар кунанд ва аз хоки Афғонистон онҳоро хатаре таҳдиде намекунад.
Аммо Тоҷикистон барои тақвияти марз талош карда, то кунун даҳҳо дидбонгоҳҳои марзӣ эҷод карда, нерӯҳои марзбониро дар ҷануби кишвар бештар кардааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Вазорати мудофиа Тоҷикистон дар ноҳияҳои наздимарзии вилояти Хатлон давраҳои омӯзишии ҳарбӣ барои қувваҳои захиравӣ ва сокинони маҳаллӣ оғоз шудааст.
Тавре Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, аз ҳафтаи гузашта санҷишҳои омодагии нерӯҳои захиравӣ ва воситаҳои ҳудудӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Панҷ, Қубодиён ва Дӯстӣ, ки бо Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, шуруъ шудааст.
Гуфта мешавад, ин иқдомҳо бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуда, ҳадафи он таъмини мудофиаи давлат, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар мебошад.