26.9 C
Dushanbe

СААД масъалаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард

Имӯз 25-уми январ дар Маскав нишасти машваратии намояндагони кишварҳои аъзои СААД дар хусуси таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор гашт. Дар ин бора дафтари матбуотии СААД хабар медиҳад.

Нишасти машваратӣ таҳти раёсати муовини Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллозода бо иштироки намояндагони ситодҳои шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Дар ин нишаст ҳамчунин муовини дабири кулли СААД Тоҳир Хайруллоев низ ширкат дошт.

Гуфта мешавад, муносибатҳои консептуалӣ дар бораи ба лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон шунида шуда, барои ҳарчи зудтар қабули ҳуҷҷати мазкур тавсияҳо омода шуданд.

Пас аз ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Тоҷикистон дар марзҳои худ бо ин кишвар эҳсоси хатар мекунанд. Ва Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо дар нишастҳои гуногун аз Русия ва кишварҳои узви СААД барои таҳким ва тақвияти марз бо Афғонистон дархости кумак карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазир: Тақсимоти барқ ғайри қаноатбахш аст

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи аввали...

ВКД: 3 кӯдак 10 ҳазор сомониро дузиданд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия се...

Собиқ ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Усмонзода, ректори собиқи Донишгоҳи Давлатии...

Тоҷикистон мехоҳад аз Қатар пул бигирад

Тоҷикистон аз Қатар хостааст, ки "дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт"-и...