Қирғизистон сабаби баста шудани сомонаи Азаттик медиаро шарҳ дод

Сухнагӯи Президенти Қирғизистон бахши қирғизии Радиои Озодиро дар робита ба ҳодисаҳои хунини 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ “ба интишори ахбори дурӯғин” муттаҳам кард.

Имрӯз, 28-уми октябри соли 2022, Эрбол Султанбаев, сухангӯи Президенти Қирғизистон дар саҳфаи фейсбукии худ бахши қирғизии Радиои Озодиро ба “дурӯғпароканӣ” муттаҳам карда, гуфт, “дар бораи ҳодисаҳои Бодканд иттилооти бардурӯғ паҳн кардааст.“

Ба гуфтаи сухангӯи Президенти Қирғизистон “Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон ба ҳайси як мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иттилоот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Қирғизистон тасмим гирифт, ки фаъолияти сомонаи “Azattyk Media” аз ҷониби (молики) хостинг боздошта шавад.”

Эрбол Султанбаев таъкид кард, ки ин сомона “дар бораи ҳодисаҳои рӯзи 14-17-уми сентябри 2022, дар вилояти Бодканд маълумоти бардурӯғ панҳ кардааст” бар ин хотир аз “провайдери хостинг вебсайтро барои ду моҳ боздоштааст.”

Гуфта мешавад, 26-уми октябри соли ҷорӣ Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қириғизистон эълон карда буд, ки бинобар паҳн кардани маълумоти бардурӯғ фаъолияти сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ барои ду моҳ қатъ карда шудааст.

Ба дунболи ин қарор хеле аз расонаҳои мустақил, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеи шаҳрвандӣ дар ин кишвар онро фишор болои воситаҳои ахбори омма арзёбӣ карда, ҷамъе аз расонаҳои Қирғизистон ҳам субҳи имрӯз ба муддати се соат аз нашри ҳамагуна матолиби хабарӣ худдорӣ карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.