31.9 C
Dushanbe

Қирғизистон сабаби баста шудани сомонаи Азаттик медиаро шарҳ дод

Сухнагӯи Президенти Қирғизистон бахши қирғизии Радиои Озодиро дар робита ба ҳодисаҳои хунини 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ “ба интишори ахбори дурӯғин” муттаҳам кард.

Имрӯз, 28-уми октябри соли 2022, Эрбол Султанбаев, сухангӯи Президенти Қирғизистон дар саҳфаи фейсбукии худ бахши қирғизии Радиои Озодиро ба “дурӯғпароканӣ” муттаҳам карда, гуфт, “дар бораи ҳодисаҳои Бодканд иттилооти бардурӯғ паҳн кардааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Президенти Қирғизистон “Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон ба ҳайси як мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иттилоот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Қирғизистон тасмим гирифт, ки фаъолияти сомонаи “Azattyk Media” аз ҷониби (молики) хостинг боздошта шавад.”

Эрбол Султанбаев таъкид кард, ки ин сомона “дар бораи ҳодисаҳои рӯзи 14-17-уми сентябри 2022, дар вилояти Бодканд маълумоти бардурӯғ панҳ кардааст” бар ин хотир аз “провайдери хостинг вебсайтро барои ду моҳ боздоштааст.”

Гуфта мешавад, 26-уми октябри соли ҷорӣ Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қириғизистон эълон карда буд, ки бинобар паҳн кардани маълумоти бардурӯғ фаъолияти сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ барои ду моҳ қатъ карда шудааст.

Ба дунболи ин қарор хеле аз расонаҳои мустақил, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеи шаҳрвандӣ дар ин кишвар онро фишор болои воситаҳои ахбори омма арзёбӣ карда, ҷамъе аз расонаҳои Қирғизистон ҳам субҳи имрӯз ба муддати се соат аз нашри ҳамагуна матолиби хабарӣ худдорӣ карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.