9.9 C
Dushanbe

Таҳримҳои Аврупо бар зидди бонкҳои Тоҷикистон

Интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷик аз Русия тавассути бонкҳо ҳанӯз дучори мушкили ҷиддӣ нашудааст. Вале, он идда аз шаҳрвандони кишвар, ки аз Аврупо ва Амрико маблағ интиқол медиҳанд, наметавонанд мисли пешина роҳат интиқол диҳанд ва ё дигар муомилоти бонкӣ анҷом диҳанд.

Сухан аз се бонк: “Коммерсбонк”, “Спитаменбонк” ва “Душанбе-Сити” меравад, ки дар чорчӯби бастаи 19-уми таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия таҳти таҳрим қарор қарор гирифтанд.  

“Коммерсбонк”, “Спитаменбонк” ва “Душанбе-Сити”, се муассисаи молиявии Тоҷикистон аз нимаи дуввуми моҳи ноябри соли ҷорӣ таҳти таҳримҳои байналмилалии Иттиҳоди Аврупо қарор дода шуданд. 

“Спитаменбонк” ба Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, “Коммерсбонк” ба Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва “Душанбе – Сити”, ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе – духтарҳо ва писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ доранд, ки аз сӯи Иттиҳоди Аврупо дар давр задани муқаррароти таҳримҳои ҷорикардаи ин Иттиҳод алайҳи Русия гумонбар шинохта мешаванд.

Дар доираи муқаррароти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо муассисаҳо, ширкатҳо, муштариҳои ҷудогона иҷозаи ҳамкорӣ ва муомила бо ин се бонки тоҷикиро аз даст доданд ва ҳақ надоранд, кадом амалиёти бонкӣ бо ин бонкҳо анҷом диҳанд. 

Бино бар талаботи ин таҳримҳо, муомилаву додугирифт бо ниҳодҳое мамнуъ аст, ки ба Русия ба таври мустақим ва ё ғайримустақим маҳсулоту фанновариҳои истифодаашон дугонаро содирот мекунанд, мефурӯшанд ва интиқол медиҳанд. Дар қарор доир ба эъмоли ин таҳримҳо таъкид шудааст, ки “дар феҳраст, муассисаҳои мушаххаси кишварҳои севвум шомил карда шудаанд, ки аз роҳи канор задани маҳдудиятҳои содиротӣ, аз ҷумла компютер, абзорҳои идораи мошин, микроэлектроника, бесарнишинҳо ва дигар молҳо ва технологияҳои нав ғайримустақим ба тақвияти тавоноии артиши Русия саҳм мегиранд.”

Дар пайи эълони ин таҳримҳо мақомоти Тоҷикистон ба шумули Вазорати хориҷӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон фавран вокуниш нишон доданд. Вазорати хориҷӣ  гуфт: “Ҳукумат вазъи кунуниро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати то ҳадди ақал коҳиш додани оқибатҳои манфии ин таҳримҳо чораҳои зарурӣ меандешад.”

Бонки миллии Тоҷикистон 24-уми октябр, як рӯз баъд аз нашри қарори Шӯрои Аврупо, дар вебсайташ навишт: “Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо ташкилоти қарзии молиявӣ ва мақомоти дигари ваколатдор ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор медиҳад. Амалиёти бонкии дохили кишвар, хидматрасонии ҳисобҳо, кортҳо, банкоматҳо, замимаҳо ва хидматрасониҳои электронӣ тибқи нақша иҷро мегарданд.”

Худи ин бонкҳо, аз ҷумла “Спитаменбонк” гуфт: “Мо фавран стратегияи коҳиш додани таъсир ва хавфҳоро таҳия карда, ҳамзамон муколамаи созанда бо мақомоти танзимкунандаи кишвари худ ва Иттиҳоди Аврупоро оғоз кардем”. “Коммерсбонк” бошад, қарори таҳримро “беасос” ҳисобида, вале “Душанбе-Сити” гуфт, кадом тағйироте дар низоми кории онҳо пеш наомадааст ва фаъолияташ идома дорад.   

Таҳрими ин бонкҳо тавассути  Иттиҳоди Аврупо то куҷо ба бозори молиявии Тоҷикистон асар гузоштааст, ҳанӯз номаълум аст. Вале ба гуфтаи коршиносон, ин бонкҳо бонкҳои муҳимм ва низомсози кишвар нестанд.  

Каримҷон Аҳмадов, муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон, ба расонаҳо гуфтааст ин таҳримҳо асосан ба имиҷи Тоҷикистон зарба мезананд ва боиси обрӯрезӣ хоҳанд шуд:

“Тоҷикистон ва ин се бонк, ки ба фикрам 20 дарсади амонатҳои мардумро нигоҳ медоранд, бештар ба Русия ва Чин нигаронида шудаанд, то ба Аврупо. Мақсади таҳримҳо ин нест, ки кори онҳоро маҳдуд кунанд. Онҳо дар дохили кишвар ба кори худ идома медиҳанд ва мушкили ҷиддие пеш намеояд. Вале барои интиқоли пул ба Аврупо ё аз байн бурдани ширкатҳое, ки дар соҳаи бонкӣ ба Русия барои давр задани таҳримҳо ёрӣ мерасонанд, дар ин бахш, бале, натиҷабахш мешавад. Мақсади таҳримҳо ҳам ҳамин аст.”

Аммо ҷаноби Аҳмадов гуфтааст, ин таҳрим барои Тоҷҷикистон ҳатман асар хоҳад кард:  “Мардум метарсанд. Масалан, на ҳама абзорҳои бонкии онҳо кор хоҳанд кард, манзурам Visa ва Mastercard. Онҳо дар Аврупо ва берун аз Тоҷикистон кор нахоҳанд кард. Ин бисёр бад аст. Дуюм ин ки мардум ҳамеша аз ҳама гуна маҳдудияту таъсирҳои байнулмилалӣ ба кори бонкҳо ҳарос доранд. Шояд ҳам як миқдор муштариҳо бонкҳоро тарк кунанд. Ва инак, ин ки ба навиштаи баъзе аз расонаҳо, ин бонкҳо ба раҳбарияти олии Тоҷикистон рабт доранд, шояд онҳо ба хотири кам кардани обрӯрезӣ барои ислоҳи вазъ баъди ин хеле талош ба харҷ хоҳанд дод”.

Аммо  Томаш Востовски, коршиноси ғарбӣ дар расонаҳо аз ӯ ба унвони мушовири роҳбурдӣ зикр шудааст, дар тавзеҳи қарори таҳри Иттиҳоди Аврпуо дар қиболи ин се бонки Тоҷикистон гуфтааст: “Ширкатҳои тоҷикистонӣ ба феҳристи сиёҳи таҳримҳо бо он асос ворид карда шуданд, ки дар амалиёти аз дидгоҳи Иттиҳоди Аврупо мамнуи бонкӣ мусоидат кардаанд. Сабаби асосие, ки бонкҳои тоҷикистонӣ таҳрим шуданд, ин аст, ки онҳо барои пардохтҳои пулии ташкилот ва шахсиятҳои шомили феҳристи сиёҳ мусоидат кардаанд.”

Зимнан, на фақат ин се бонк, Бонки байналмилалии Тоҷикистон, “Тавҳидбонк” ва “Ориёнбонк” низ аз наздикони Раҳмонанд. Бахусус Ориёнбонк, ки суратҳисобҳои бузургтарин корхонаҳои Тоҷикистон, мисли “Роғун”, “Талко”, “Сомон Эйр” ва бештари вазорату ниҳодҳои давлатӣ, масалан ширкати “Барқи тоҷик”-ро дар ихтиёр дорад, аз ин таҳримҳо дар канор мондааст, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносон, дар инҷо низ Иттиҳоди Аврупо муносибати дугона ва ё духӯра нишон додааст. Агар тасмими ин Иттиҳод барои муҷозоти Тоҷикистон ҷиддӣ буд, пеш аз ҳама “Ориёнбонк” шомили он мегардид. 

Чаро Аврупо барои саркӯби мухолифин, зиндониёни сиёсӣ, шиканҷа ва куштори тазоҳуротгарон дар Бадахшон мақомоти Тоҷикистонро таҳрим накард, вале барои Украина кард?

Иттиҳоди Аврупо аз шароити  вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва муносибати зӯргӯёна ва хушунатбори ҳукумати Тоҷикистон бо ҷомеаи маданӣ ва мухолифин огоҳ аст.

Созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон мустақар дар кишварҳои урупоӣ роҷеъ ба ҳодиса ва ҳолатҳои саркӯби мухолифин, вазъияти зиндониёни сиёсӣ, адами шаффофият дар бозрасии парванда ва иттихози ҳукмҳои ноодилона, шиканҷа ва куштори тазоҳуротгарон дар Бадахшон, маргҳои машкукуи зиндониёни сиёсӣ, адами озодии расона ва динӣ дар Тоҷикистон ба таври расмӣ вокуниш ва аз ҳукумати Тоҷикистон гоҳо бо лаҳни тунд интиқод кардаанд.

Ахиран дар ҳамоиши ёздуҳуми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонвакилони Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки ҳуқуқи бунёдии мардумро муроот кунанд ва ба зидди тамоми навъи табъиз дар кишвар мубориза баранд. Ин ҳамоиш рӯзи 19-уми ноябр дар шаҳри Брюсел баргузор шуд. Ва ҳамчунон расонаҳо навиштанд:- “Иттиҳоди Аврупо дар ин нишаст аз фишори ҳукумати Тоҷикистон ба ҳомиёни ҳуқуқу хабарнигорон ва фазои маҳдуд барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ изҳори нигаронӣ ва аз намояндагони ҳукумат хоста шудааст, онҳоеро ба ҷавобгарӣ бикашанд, ки соли 2022 ба зидди тазоҳургарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз нерӯи беш аз ҳад истифода карданд”.

Ҳанӯз чанд соли қабл бархе аз созмонҳои байналмилали урупоӣ пешниҳод ва тавсия дода буданд, ки баъзе аз мақомоти тоҷик, ки дар куштори бадахшониҳо, зиндонсозӣ ва саркӯбҳо даст доранд, таҳти таҳрим қарор бигиранд ва дар ин васат аз СС.Ятимов, раис КДАМ –и Тоҷикистон ном бурда буданд. Созмони “Хонаи Озодӣ”, Кумисюни байналмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ ва Кумитаи норвежии Ҳелсинки талаб карда буданд, ки чанде аз чиновникҳои Тоҷикистон таҳти “таҳримҳои ҳадафмандона” қарор дода шуда, ҳисобҳои бонкӣ ва вуруди онҳо ба Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида масдуд ва манъ карда шавад ва дар ҷиҳати расонидани кумакҳои молиявӣ ва низ қарз додан ба барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон бознигарӣ бикунанд.

Инро ҳам мешавад ёдовар шуд, ки ҳизбу ҳаракатҳои умдаи мухолифин, шахсиятҳои саршинос, расона ва шабакаҳои оппозитсионӣ, шумори зиёди паноҳандаҳои сиёсии тоҷик дар кишварҳои урупоӣ маҳалли амн пайдо кардаанд ва даҳ сол мешавад, ки муборизаи онҳо бар муқобили режими Душанбе маҳз аз Аврупо идома дорад. Ҳузури пурранг ва муассири мухолифин дар Аврупо то ҳадде пешрафт кард, ки ҳукумати Тоҷикистон дар чанд нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бохт ва ночор шуд ширкат дар онро қатъ кунад.

Моҳи октбри соли равон дар нишасти солонаи САҲА дар мавриди ҳуқуқи башар дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) баргузор гардид. Илҳомҷон Ёқубов, ҷонишини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз минбари ин созмон дар бораи фишору таъқиби рӯзноманигорон ва аъзои хонаводаи мухолифон суҳбат карда, аз  САҲА хост, шикояти мухолифин ба Додгоҳи байналимллалии ҷиноӣ зидди Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ кунанд.

“Вақте парвандаҳои Александр Лукашенко ва Владимир Путин ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (МУС) ирсол шуданд, як қатор давлатҳои аврупоӣ расман ин даъворо дастгирӣ карданд, ки ин иқдоми дуруст буд. Мо низ, бо дастгирии чандин созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар алайҳи ҳукумати кишвари худ ба ин додгоҳо шикоят кардем, аммо то ҳол ягон кишвари аврупоӣ ин шикоятро дастгирӣ накардааст”.

Зимнан дар ин ду-се соли ахир мавориде пеш омад, ки чанде аз мухолифини тоҷик, ки аз ҳукумати Тоҷикистон ба ин кишварҳо паноҳ оварда буданд, ба Тоҷикистон таслим карда шуданд. Бар изофа ҳамоно муассисаҳои молиявии урупоӣ барои тарҳҳои давлати Тоҷикистон ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ мекунанд.  

Аз ин ҷост, ки намояндагони нерӯҳои оппозитсионии тоҷик ҷомеаи байналмилалӣ ва бахусус Иттиҳоди Аврупоро ба бархӯрди дугона бо вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Дар ҳамин нишасти ахири САҲА намояндаи “Гурӯҳи 24” аз масъулини  ин созмон даъват кард, ки узвияти Тоҷикистон дар ин созмонро қатъ кунад.

Аммо бархе аз роҳбарони мухолифин, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ дар бархе аз суҳбатҳояш фишор бештар наовардан болои режимҳои худкома дар Осиёи Марказӣ аз тарафи Иттиҳои Аврупоро тавре тавзеҳ кард, ки дар ин сурат ин кишварҳо бештару бештар дар оғӯши Чин ва Русия хоҳанд рафт. 

Аммо воқеият чизи дигар аст. Дар Украина ҷанг рафта истодааст. Украина, ки як кишваре нимаурупоист ва талош дорад ба Иттиҳоди Аврупо шомил шавад, мавриди таҷовузи беҷиҳати Русия қарор гирифтааст ва урупоиҳо бо дифоъ аз Украина, мисле ки ояндаи худро аз ҳамла ва таҷовузи эҳтимолии Русия муҳофизат карда истодаанд.

Бар илова, Аврупо дар ҷанги Украина миллиардҳо масраф кардааст. Ва оянда низ ҳазинаҳои зиёде барои барқарории баъдиҷангии Украина хоҳад кард. Аврупо бо тамоми абзор ва имкон болои Русия фишор хоҳад овард. Ва воқеият ин аст, ки Иттиҳоди Аврупо аз Украина бештар ҳимоят хоҳад кард.

Мавзеъгирии қотеъонаи Иттиҳоди Аврупо дар қиболи Русия дар қиёс бо Тоҷикистонро метавон аз ҳамин манзар арзёбӣ кард.

 Оё ин аввалин ва охирин таҳрим аст ё боз идома хоҳад дошт?

Пешбинии он ки таҳрими ин се бонк охирин муҷозоти байналмилалии Тоҷикистон хоҳад буд ё боз ҳам чунин таҳримҳо пеш меояд, бастагӣ ба мавзеъгирии Тоҷикистон ба ҷанги Русия алайҳи Украина хоҳад дошт. 

Агарчи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳое, мисли Тоҷикистон борҳо ҳушдор доданд, ки дар додугирифт бо Русия ва корхонаҳои русӣ ва тоҷирони рус, ки ба иллати таҷовузи ин кишвар бар алайҳи Украина таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор гирифтаанд, иҷтиноб варзанд.

Аммо Тоҷикистон ва ҳукумати он, ки вобастагиҳои зиёди иқтисодиву молиявӣ ва низомӣ аз Русия дорад, ин ҳама ҳушдорҳоро сарфи назар кард. Воқеият ин аст, ки устувории низоми бонкии Тоҷикистон аз интиқоли пулҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия вобаста аст. Бад-ин ҷиҳат, дар оянда низ, имкони вориди феҳристи сиёҳ ва ё ҳамон санксия шудани корхона ва муассисаҳои дигари Тоҷикистон ба хотири Русия вуҷуд дорад.

Қаблан Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ширкати “Газпромнефт”-и Тоҷикистонро, ки бозори маводи сӯхти Тоҷикистонро аз ҳисоби фаровардаҳои нафтии Русия таъмин мекунад, таҳрим кард.

Моҳи июни соли 2024 бошад “БТК Групп”- як ширкати дигари русӣ, ки муассис ва манфиатбари он Таймураз Боллоев, яке наздикони Владимир Путин, президенти Русия гуфта мешавад, низ ба ин далел, ки билофосила баъди ҷанги Русия бо Украина дар Тоҷикистон ба фаъолият пардохт ва замини зиёди панба, беш аз панҷунимҳазор гектар ба иҷора гирифт, ду корхонаи нассоҷӣ дуруст карда ва аз Тоҷикистон ба низомиёни русӣ сарулибоси ҷангӣ содир таҳрим карда буд. 

Аммо, коршиносон мегӯянд, ки дар бастаҳои баъдии таҳримҳо ворид шудани Тоҷикистон барои муассисаҳои молиявии ин кишвар ва ҳукумати Тоҷикистон дар оянда дардисарсоз хоҳад шуд, чунки дигар муомила ва ҳамкориҳои молиявӣ ба он навъе, ки қаблан вуҷуд дошт, сурат нахоҳад гирифт.

Дар сурати итоат накардани муқаррароти Иттиҳоди Аврупо имкон ва эҳтимол дорад содироти колоҳои асосӣ, масалан алюминий, пахта ва маъданҳои табиӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои аврупоӣ ва кишварҳое, ки дар коркарду фурӯши ин колоҳо бо Аврупо муомила доранд, қатъ карда шавад.

Низ ширкатҳои амрикоӣ ва аврупоӣ, ки феълан дар Тоҷҷикистон кор мекунанд, масалан дар комбинати куҳии Анзоби Айнӣ ва ё сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ночор мешаванд қатъи фаъолият кунанд.

Аврупо баъд аз соли 2022 таҳримҳои мумкинро ба манзури заиф сохтани тавоноии ҷангии Русия бар муқобили Украина дар чанд давра ҷорӣ кард. Қарор аст, дар идома ин таҳримҳо кишварҳои сеюм ва ёрирасони Маскавро бештар фаро бигирад. Аз ин хотир, фишор болои онҳо дар ояндаи наздик то рафт зиёд мешавад. Тоҷикистон дар чунин вазъ ба бадтарин ҳолат гирифтор хоҳад шуд. Аз як сӯ сахт вобастаи Русия аст аз тарафи дигар бахши аъзами манобеи молиявии худ барои такмил кардани бюҷети давлатиро аз даст хоҳад дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Паём чӣ паём дошт?

Паёми ғайришаффоф. Стротежии милии рушд тайи се сол такмил мешавад?

Хазонрез – Истеъфои масъулони баландпояи ҲНИТ

Дар рӯзҳои охири соли ҷорӣ ду масъули баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сафи ҳизб канор рафтанд.

Дар паси деворҳои симхорӣ чӣ мегузарад? Зиндонҳои Тоҷикистон ва бозӣ бо тақдири мардум

Мақомоти Тоҷикистон кӯшиш мекунанд дар бораи вазъияти дохилии зиндонҳо шарҳи зиёде надиҳанд.

Собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз зиндон озод шуд

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ва яке аз мухолифони Эмомалӣ Раҳмон аз зиндон озод шуд.