25.9 C
Dushanbe

Таҳримҳои Сурия бардошта шуд. Трамп аз Шаръ чӣ хост?

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия рӯзи чоршанбе, 14-уми май дар Риёз пойтахти Арабистони Саудӣ бо раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп мулоқот кард.

Рӯзи гузашта Трамп зимни суханронияш дар Форуми муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Амрико – Арабистони Саудӣ дар Риёз аз бардоштани таҳримҳои молии Сурия хабар дод. Ӯ гуфт, пас аз суҳбат бо Муҳаммад бин Салмон, шоҳзодаи Арабистони Саудӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия таҳримҳо алайҳи Сурияро бекор кард.

Трамп гуфт: “Таҳримҳо бисёр ваҳшиёна ва боздорандаанд. Акнун вақти он расидааст, ки Сурия ба по хезад.” Ӯ ҳамчунин илова кард: “Ман фармон медиҳам, ки таҳримҳо алайҳи Сурия бардошта шаванд, то ба онҳо имкони рушд ва пешрафт дода шавад.”

Пас аз эълони бардоштани таҳримҳои Сурия аз ҷониби Трамп, рӯзи чоршанбе нишасти махсуси Амрико, Арабистони Саудӣ, Сурия ва Туркия баргузор шуд. Дар ин нишаст Раҷаб Тайиб Эрдуғон тариқи видеоӣ аз дур иштирок кардааст.

Дар ин нишаст бар иловаи раҳбарони кишварҳо, боз вазирони корҳои хориҷӣ низ ширкат кардаанд. Аммо гуфта мешавад, дар як мулоқоти ҷудогонае, ки Трамп бо Аҳмад Шаръ доштааст, паси дарҳои баста гузашта, расонаҳо ба он роҳ наёфтаанд.

Каролин Ливитт, сухангӯи Кохи Сафед дар шабакаи Х хабар дод, ки Трамп аз Аҳмад Шаръ чанд масъала, аз ҷумла масъалаи пайвастан ба Паймони Иброҳимӣ ва эътирофи давлати Исроилро талаб кардааст. Ҳамзамон сухангӯи Кохи Сафед навишта, ки масъалаи мубориза бо ДИИШ ва ихроҷи сарбозони хориҷӣ аз сафи қувваҳои мусаллаҳи кишварашро дархост намудааст.

Ба иттилои расонаҳо, Аҳмад Шаръ ҳам дар навбати худ дар робита ба таҳкими муносибатҳои дипломатии Амрико ва Сурия ва инчунин сармоягузории амрикоӣ ва коркарди фаровардҳои нафтиро барои рушди иқтисоди кишвараш баррасӣ кардааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарони минтақа, то чанд моҳи пеш Амрико танҳо барои пайдо кардани макони Аҳмад Шаръ 10 миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд, вале имрӯз бо Трамп дар Риёз мулоқот анҷом медиҳад ва дар паҳлуи раҳбарони кишварҳои дунё нишаста, мулоқотҳои расмӣ анҷом медиҳад. Ин ҳолатро таҳлилгарон баёнгари сиёсатдонӣ ва маҳоратҳои дипломатии раҳбари нави Сурия арзёбӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонон дар баъзе вилоятҳо

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон давоми як рӯзи аввал 55 дарсад иҷро шудааст.

Боздошти корвони киштиҳои “Сумуд” аз ҷониби Исроил

Ба иттилои расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар шоми 1-уми октиябр бар киштиҳои ҷаҳонии кумакрасони "Сумуд", ки ба сӯи Ғазза равон буданд, ҳамла кард.

Талоқ дар Тоҷикистон гарон шуд

Дар Тоҷикистон арзиши асноди расмӣ барои талоқ байни зану шавҳар дар идораҳои марбута гарон шудааст.

Марги панҷ нафар дар се рӯз

Аз 27 то 29-уми сентябри соли ҷорӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ панҷ кас ҷони худро аз даст дода, чанд нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.