23.9 C
Dushanbe

Таҳсили дин дар хориҷу зиндон дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз Шайх Аҳмад Тайиб хост, ки кормандони соҳаи дини Тоҷикистон дар донишгоҳи Ал-Азҳар таҷрибаомӯзӣ кунанд.

Имрӯз, 12-уми ноябри соли 2024, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Шайхул Азҳари Миср Аҳмад Тайиб дар Озарбойҷон мулоқот кард.

Дафтари Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ин мулоқот дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон баргузор шудааст.

Ба қавли манбаъ, ҳадаф аз ин мулоқоти ҷонибҳо гуфтугӯ дар бораи густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ва табодули таҷрибаи кормандони соҳаи дин унвон шудааст.

Аммо бархе коршиносон ин мулоқотро шаклӣ ва бенатиҷа арзёбӣ мекунанд. Ба қавли онҳо, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тайи беш аз ду даҳсолаи ахир амалан алайҳи ҳамагуна муқаддасоти исломӣ мубориза бурда, фаъолияти ҳамагуна мардарасаҳои диниро марҳила ба марҳила дар Тоҷикистон қатъ кард.

Инчунин дар ин ду даҳаи ахири ҳазорҳо нафар аз толибилмоне, ки дар мадрасаву донишгоҳҳои исломӣ дар хориҷи кишвар таҳсили илм мекарданд, бо роҳҳои мухталиф, аз ҷумла фишор болои волидайнашон, онҳоро маҷбур кард, дарсҳоро тарк карда, ба кишвар баргарданд ва сипас садҳо нафар аз огоҳони онҳоро бо баҳонаҳои мухталиф зиндон кард ва ё қисми дигараре зери фишор аз кишвар фирорӣ дод.

Тибқи оморҳои расмӣ, айни замон дар бахшҳои гуногуни Донишгоҳи “Ал-Азҳар”-и Миср зиёда аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Аммо ҳеч кас кафолат дода наметавонад, ки баъди хатми донишгоҳ ва баргаштан ба Ватан тақдири донишҷӯёни қаблӣ болои онҳо такрор намешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.