Табибон аз мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон мегӯянд, вазорат рад мекунад. Киро бовар кунем?

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дар бораи мавҷи нави коронавирус дар кишварро рад кард. Ба иддаои вазорат беморони нав бо нишонаҳои COVID-19, дар асл ба сил гирифтор шудаанд.

Вазорат мегӯяд, ин одамон аллакай бемории коронавирусро паси сар кардаанд ва аз сабабе, ки тавсияҳои табибонро нодида гирифтанд, гирифтори бемории сил шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 12 июн Радиои Озодӣ ва хабаргузории Азия-Плюс бо истинод ба табибон, кормандони озмоишгоҳҳо ва хешовандони беморон дар бораи ҳолатҳои нави сирояти коронавирус дар кишвар хабар дода буданд.

Хабаргузории Азия-Плюс бо такя ба як манбаъ дар озмоишгоҳи хусусии “Диамед” хабар дод, ки рӯзи 8 июн танҳо дар Душанбе тақрибан 100 ҳолати коронавирус ошкор карда шуд. Дигар озмоишгоҳҳо низ натиҷаҳои мусбии коронавирусро тасдиқ карданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон чунин маълумотро беасос меҳисобад ва таъкид мекунад, ки дар кишвар ягон ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳомид Ҳомидзода, сардухтури поликлиникаи 13-и Душанбе, рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муассисаи тиббии онҳо  10 ҳолати сирояти коронавирусро ба қайд гирифтааст, ки баъзеи онҳо дар хона ва баъзеи дигар дар беморхона табобат гирифтаанд.

Аммо як рӯз пас Ҳомидзода зери фишори мақомот мавқеи худро якбора тағир дод ва изҳор намуд, ки дар кишвар ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Бисёре аз табибон аз ифшои ҳодисаҳои нави сирояти коронавирус метарсанд.  Моҳи гузашта Абдумавлон Абдуллозода, ки дар бораи ҳолатҳои нави сироятёбии COVID-19 дар шимоли Тоҷикистон хабар дода буд, аз вазифаи сардори шуъбаи хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Суғд барканор карда шуд.

Манобеъи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд , ки мақомоти Тоҷикистон намехоҳад марзҳо дубора баста шавад ва парвозҳо бо дигар кишварҳоро қатъ шавад, аз ин рӯ гузоришҳо дар бораи мавҷи нави пандемияи COVID-19-ро рад мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар баҳори соли 2020 Тоҷикистонро барои радди вуҷуди коронавирус дар кишвар шадидан танқид карданд ва танҳо  зери фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва овардани далелҳо, мақомот танҳо рӯзи 30 апрел аз вуҷуди коронавирус хабар дод. Ба иддаои Вазорати тандурустӣ аз охири моҳи декабри  соли 2020 дар Тоҷикистон ягон ҳолатӣ гирифторӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.