Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми марти соли 2026 раҳбари тозаинтихобшудаи Ҷумҳурии исломии Эрон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми раҳбари олии ин кишвар табрик гуфт.
Сомонаи расмии президенти Тоҷикистон рӯзи 9 март хабар дод, ки Раҳмон дар барқияи табрикотии худ ба раҳбари нави Эрон сиҳатмандӣ ва комёбӣ орзу карда, аз нақши ин кишвар дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа ёдовар шудааст.
Дар паёми табрикотӣ, аз ҷумла, омадааст, ки Душанбе нақши созандаи Ҷумҳурии исломии Эронро дар таҳкими субот дар минтақа муҳим медонад ва аз риояи усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ҷонибдорӣ мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳори умед кардааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар замони раҳбарии Муҷтабо Хоманаӣ боз ҳам густариш меёбанд.
Таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ кӯшиш дорад равобити худро бо қудратҳои минтақа ва ҷаҳон ҳифз кунад. Ба гуфтаи онҳо, вазъияти феълии кишвар чунин равишро тақозо мекунад.
Бо ин вуҷуд, бархе коршиносон аз осебпазир будани Душанбе дар баробари баъзе қудратҳои бузург, аз ҷумла Чин, изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, барои мисол Тоҷикистон дар гузашта ба бархе талаботи Пекин дар масъалаҳои марзӣ мувофиқат кардааст.
Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар солҳои охир давраҳои печидаро паси сар карданд. Тира шудани равобити ду кишвар аз боздошти соҳибкори эронӣ Бобак Занҷонӣ оғоз ёфт ва баъдан пас аз мамнуъ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 шиддат гирифт.
Бо вуҷуди ин, аз соли 2019 ба баъд муносибатҳои ду кишвар тадриҷан беҳтар шуданд. Дар солҳои охир ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии Душанбе ва Теҳрон густариш ёфта, аз ҷумла низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ҷорӣ шудааст.
