Муовинони вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон аз вазифа барканор ва баҷои онҳо кадрҳои нав таъйин карда шуд.
Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз бо қарорҳои раиси Ҳукумати Тоҷикистон Қурбонзода Исоҷон Ятим ба курсии муовини якум, Назар Азиз Савзалӣ ба курсии муовин ва Сафарзода Бахтиёр Хайрулло ба курсии Солеҳзода Умед Абдулло, акнун собиқ муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон такия заданд.
Инчунин тибқи қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Гуфта мешавад, тибқи ду амри дигари Президенти кишвар Қурбонзода Исоҷон Ятим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод ва ҷои вай дар ин курсӣ Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло таъйин гардид.