Президенти Тоҷикистон муовинони пешини раиси Бонки миллии Тоҷикистонро барканор ва ба ҷои онҳо муовинони нав таъйин кард.
Акс: ИнтернетДирӯз, 17-уми августи соли 2022 Президенти Токиҷикистон бо судури фармоне ба ҷои Ҷамолиддин Нуралиев собиқ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла муовини якум ва дигар муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикитсон бо фармони Президент ва мувофиқати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон “аз вазифа озод ва ба вазифа таъйин карда” мешаванд. Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум барои “тасдиқи фармонҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъйин намудани муовини якум ва муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон” ҳафтаи оянда баргузор мешавад.