33.9 C
Dushanbe

Таъйини ҷонишини домоди Эмомалӣ Раҳмон дар Бонки миллӣ

Президенти Тоҷикистон муовинони пешини раиси Бонки миллии Тоҷикистонро барканор ва ба ҷои онҳо муовинони нав таъйин кард.

Дирӯз, 17-уми августи соли 2022 Президенти Токиҷикистон бо судури фармоне ба ҷои Ҷамолиддин Нуралиев собиқ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла муовини якум ва дигар муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикитсон бо фармони Президент ва мувофиқати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон “аз вазифа озод ва ба вазифа таъйин карда” мешаванд.

Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум барои “тасдиқи фармонҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъйин намудани муовини якум ва муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон” ҳафтаи оянда баргузор мешавад.

Ин иҷлосияи навбатӣ қарор аст 24-уми августи соли ҷорӣ баргузор шавад ва ба ин хотир Ҷамолиддин Нуралиев ва дигарон ҳам бояд то рӯшан шудани таклифи вакилон дар мақоми худ адои вазифа кунад, аммо дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ин чиз риоя намешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.