35.9 C
Dushanbe

Вокуниши ҷомеаи шаҳрвандӣ барои тахриби хонаи Устод Айнӣ дар Душанбе

Бо расонаӣ шуданӣ тахриби хона-мӯзеи Устод Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик аз гӯшаву канори дунё садо баланд карданд.

11-уми ноябр, адиби хушноми тоҷик Абдуқодири Рустам аз аввалинҳо буд, ки бо садои ҳушдоромезаш хитоб ба шаҳрдории Душанбе бо раҳбарии Рустами Эмомалӣ гуфт, аз кандани хонаи Устод Айнӣ даст бародоред. Ба дунболи ин огоҳӣ, мавҷе аз нафрату борони ҳақорат алайҳи тасмимгирандаҳои тахриби хона-мӯзеи Устод Айнӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд омад.

Ҳаким Рабимпур, адиб ва фаъоли мадании тоҷики муқими Амрико аз номи худ ва номи Анҷумани Самарқандиёни Амрико ҳушдор додааст: “Ҳой мардум, кадом миллат ба решаи худ, теша мезанад. Айни ин ҳастии миллат аст, ва ба арвоҳи ӯ шаккоки накунед, ки ба ғазаби Худову Айни гирифтор мешавед. Даст кашед аз ин кор. Агар Худо накарда ин кор шавад, вой ба ҳоли хонаву осорхонаи С.Айнӣ дар Самарқанд мешавад, ки мехостан вайрон кунанд, вале бо хосту, арзи мардум, андеша карданд.”

Шералӣ Ризоиён, олими ҷавон ва сиёсатшиноси тоҷик ва сокини шаҳри Душанбе таъкид кард: “Хона-музей қадамҷои устод Айнӣ аст, ҳаргиз онро бояд вайрон накунанд. Балки бештар барои оммависозии он кӯшиш кард. Агар аз байн бурда шавад, дар оянда ҳамчун “сабақ” барои вайрон кардани хонаи устод дар Самарқанд ҳам шуда метавонад. Умедворам ҳаргиз ин корро намекунанд.”

Зафар Суфӣ, шоир ва адиби тоҷики муқими Фаронса сурудааст:                         “Чу андар табораш бузургӣ набуд,
Наёраст номи бузургон шунид.
Даст аз хонаи устод Айнӣ бардоред! Худоё, хонаи онеро хароб кун, ки дар фикри хароб кардани хонаи устод Айнӣ мебошад…”

Сафват Бурҳонов, рӯзноманигори тоҷики муқими Укроин ёдовар шуда, ки: “Устод Айнӣ намебуд, ин “Лақайқишлоқ” ДУШАНБЕ намешуд, ин “сохтмончи” куҷое паси дари касе буд. Устод Айнӣ зиндагонии худро барои сохтани ТОҶИКИСТОН бахшид! Барои сохтани ДУШАНБЕ бахшид! Зану фарзандони азизи худро як сӯ гузошт, Тоҷикистон сохт!!! Худро фаромушт кард!!!”

Шоир Исфандиёри Назар аз Олмон таъкид мекунад: “Ҳукумати бекифояти шаҳри Душанбе боз ба ҳофизашӯйии дигар торихӣ зад…Устод Айниро бо дастури амири бекифояти Бухоро-Олимхон 75 шаллоқ зада буданд ва кори ҳукумати раҳмонӣ, Рустами Раҳмонӣ шаллоқи 76-уми бар гурдаи устод Садриддин Айнӣ аст.”

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва сокини пойтахт эътирозашро дар бораи тахриби хонаи Устод дар қалби Душанбе чун баён кардааст:                                                                                                 “Агар хонем осори варо дурдонаи миллат,
Ҳамоно хонаи Устод Айнӣ хонаи миллат!”

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор ва яке аз мунаққидони сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон дар тахриби хонаи Устод Айниро хиёнат дониста навиштааст: “ХОИН ХОИН МЕЗОЯД! Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов замини миллатро ба ҳамсояҳо ва писараш Рустам замини хонаи Устод Айниро ба соҳибкорон мефурӯшанд…”

Абдурҳами Умариён, рӯзноманигори тоҷики муқими Амрико ҳастаи хонаи Устод Айниро чунин таъриф ва арзиши онро ин тавр хулоса кардааст:

“Хонаи Устод Айнӣ фақат як манзиле аз обу гил нест, балки Таваллудхонаи Одамушшуаро, сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аст, ки онҷо дигарбора мутаваллид шуд, Шифохонаест, ки Буалӣ Сино пас аз сардаргумиву “дарбадарӣ” боз ба табобати миллат ва аҳли башар камар баст, Қиблаест барои пайравони оини аҳли адаб ва Зиёратгоҳест барои дилбохтагони назму насри тоҷик! Қимати ин Хона гаронтар аз садҳо бинои мӯҳташаму замонавист! Арзишмандтар аз манфиати ҳар соҳибкори кавдану бепарвост!”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.