4.9 C
Dushanbe

Таъсиси Таҳрики Толибони Тоҷикистон дар Афғонистон

Бархе расонаҳои мансуб ба Тоҷикистону Афғонистон аз таъсиси Таҳрики Толибони Тоҷикистон (ТТТ) дар Бадахшон хабар медиҳанд.

Акс аз манбаъҳои боз

Дар ин чанд рӯзи ахир бархе расонаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар истинод ба як матлаби “

Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Инчунин дар ин ду даҳаи гузашта, мақомоти Тоҷикистон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он бо кумаки мақомоти дигар кишварҳо даҳҳо нафар аз наздикону пайвандони ин хонаводаҳоро низ бо иттиҳоми узвият дар ин созмон боздошт ва барои муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда буданд.

Ҳамзамон мақомоти Тоҷикистон болои ин ду хонавода ва наздикону пайвандони онҳо фишорҳои зиёде ворид карда, чандин амлиёти низомӣ ҳам алайҳи онҳо анҷом дода буданд. Барои мисол, Дар натиҷаи яке аз он амалиётҳо мавсум ба “амалиёт бар зидди дастаи мулло Абдулло” даҳҳо нафар аз аъзои ин ду хонавода ва наздикону пайвандонашон, аз он ҷумла падари Маҳдӣ Арсалон ва як бародараш ҳам дар соли 2011 дар водии Рашт кушта шуданд.

Интихоби душвор

Баъд аз куштани Мирхоҷа Шарипов ва ҳамроҳонаш ҳалқаи фишори мақомот болои ин хонаводаҳо дар Тоҷикистон то рафт тангтар шуд ва тайи солҳои 2012-2015 шиддати пароканда шудани наздикону пайвандони онҳо дар Тоҷикистон зиёдтар гардид.

Дар ин раванд, қисме аз бузургсолони онҳо аз тарс ҳамроҳ бо зану фарзандонашон Тоҷикистонро тарк карда, аввал ба Русия ва сипас ба дигар кишварҳо панаҳ бурданд. Аммо як гурӯҳе ҳам аз фарзандони онҳо, ба хусус писарони насли аввали бунёдгузорони ҷамоати “Ансоруллоҳи Тоҷикистон”, аз он ҷумла Маҳдӣ Арсалон ҳам роҳи падарони худро интихоб карда, ба Афғонистон рафта, силоҳро интихоб карданд.

Дар замони ҳукмронии Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ панаҳгоҳи онҳо дар Афғонистон ғайрирасмӣ буд ва аксаран дар манотиқе ҳузур доштанд, ки зери нуфӯзи Толибон буд ва ҳангоме, ки ҳузури Толибон дар шимоли Афғонистон густариш пайдо кард ва пас аз он вақте дар 15-уми августи соли 2021 Аморати исломӣ пас 20 сол дубора сари қудрат омад, бузургнамоии ҷамоати “Ансоруллоҳи Тоҷикистон” ҳам дар расонаҳо бештар шуд.

Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ҷамоати “Ансоруллоҳи Тоҷикитон” бо раҳбарии Амриддин Табаров, маъруф ба домулло Амриддин дар соли 1997 пас аз имзои “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” таъсис дода шуд.

Бунёдгузорони “Ансоруллоҳи Тоҷикитон” дар вақти таъсиси ин созмон дар соли 1997 муътақид буданд, ки имзои созишномаи сулҳи тоҷикон хилофи арзишҳои исломӣ ва як навъ фиреб барои халъи силоҳ ва сипас саркӯб кардани нерӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик аст. Ба ҳамин хотир, сафи худро аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ҷудо карда, сулҳро напизурфтанд.

Аз нигоҳи эътиқодӣ ҳам ин ҷамоат ба “ҷамоати такфириҳо” ҳанӯз дар солҳои 2000 ном бароварда буд. Ҳатто раҳбарияти ҲНИТ-ро ҳам бо сабаби сулҳ кардан ва канор омадан бо “ҳукумати коммунистӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон маҳкум ба куфр карда буданд. Шояд ба ҳамин хотир буд, ки ҲНИТ дар вақтҳои саркӯб кардани онҳо тавассути мақомот бо сукуташ “саҳмгузорӣ” кард, вале боре ҳам аланан аз он ҳимоят накард.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Аздо тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба Тоҷикистон наомад

Ҳамлагари шинохтаи пуртуғолӣ ва бозигари бошгоҳи "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду ба Душанбе наомад. 

Арабистон $100 миллион ба Тоҷикикстон қарз медиҳад

Фонди Саудии Рушд барои идомаи сохтмони тарҳи Нергуҳои барқи...

Вокунишҳо ба шиканҷаи навраси ноболиғе дар Душанбе

Сабти навори шиканҷаи навраси ноболиғе дар шаҳри Душанбе мавҷи вокунишҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст, вале мақомот то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистон

Масоили ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.