Украина аз Ғарб хост таҳримҳо алайҳи Русияро бештар кунад
Дар пайи ба расмият шинохтани Русия истиқлоли ду минтақа, Луганск ва Донетск, Украина аз Ғарб ва кишварҳои ҷаҳон хост, ки таҳримҳо алайҳи Русияро шиддат бахшанд. Акс: ИнтернетАкс аз “РИА Новости” Ин дар ҳолест, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе дар вокуниш ба иқдоми Путин эълом дошт, алайҳи ду бонки Русия ва шахсони пурнуфзи ин […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Дар пайи ба расмият шинохтани Русия истиқлоли ду минтақа, Луганск ва Донетск, Украина аз Ғарб ва кишварҳои ҷаҳон хост, ки таҳримҳо алайҳи Русияро шиддат бахшанд.
Дар баробари ин Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон рӯзи сешанбе гуфт, кишвари ӯ низ дар пайи иқдомоти ахири Русия 5 бонк ва алайҳи 3 миллардери ин кишвар, ки ба Кремл равобити наздик доранд, таҳрим ҷорӣ кард.
Аммо Маскав мегӯяд, аз чунин ранг гирифтани вазъият хуб огоҳ буданд ва ин таҳримҳо бар бозори ҷаҳонӣ ва мардуми худи Амрико таъсири манфӣ мерасонад, аммо сиёсати хориҷии Русияро тағйир намедиҳад.
Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 21-уми феврал Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Луганск ва Донетск дар шарқи Украинаро ба расмият шинохт.
Дар пайи ин иқдоми Русия Президенти Украина Владимир Зеленски ин онро ҳамла ба тамомияти арзии худ хонд ва ҷамъе аз давлатҳои Аврупо ва кишварҳои узви НАТО низ ҳамбастагии худро бо Укроин эълом карданд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.