Таъкиди Тоҷикистону Эрон барои пурра ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дар нақби Истиқлол

Тоҷикистон ва Эрон бори дигар дар бораи пурра ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар нақби автомобилии “Истиқлол” гуфтугӯ карданд.

Пештар аз ин нахустин ҷаласаи Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонҳои Тоҷикистону Эрон дар шакли видеоконфронс баргузор шуд.

Зимни мулоқоти онлайнӣ қайд карда шуд, ки ба итмом расонидани нақби “Истиқлол” авлавият дар ҳамкориҳои ду кишвар мебошад.

Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки пас аз ба имзо расидани созишнома дар бораи ба анҷом расонидан ва беҳбуди нақби Истиқлол дар 20 январи соли 2021, кор дар нақб барои насби системаи ҳаво, равшанӣ ва бехатарии сӯхтор идома дорад. Ин корҳо то таҷлили 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (сентябри 2021) анҷом хоҳанд ёфт.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони нақби Истиқлол моҳи сентябри соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии “Собир” оғоз шуда буд. Эрон барои иҷрои ин тарҳ 31 миллион доллар ҷудо кардаа буд, ки аз он 10 миллион доллар ҳамчун грант ва 21 миллион доллар ҳамчун қарз. Ҳукумати Тоҷикистон 7,8 миллион доллар ҷудо кардааст.

Нақби Истиқлол дар 80-километрии шимоли Душанбе байни Душанбе ва Хуҷанд ҷойгир аст. Дарозии нақб 5,2 км мебошад. Он иртибот байни минтақаҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.