24.9 C
Dushanbe

Таксӣ: То ҳиҷобатро нагирӣ савор намекунам

Баъзе ронандагони мусофиркашонӣ дар Душанбе ва ҳатто дар дигар навоҳӣ ба занҳои ҳиҷобпӯш гуфтаанд, ки то ҳиҷобро аз сарашон нагиранд, онҳоро савори мошин намекунанд.

Як манбаъ аз вилояти Хатлон, ки нахост номаш фош шавад, рӯзи душанбе ба Azda TV гуфт, ки тафтиш барои ҳиҷоб чунон сахт аст, ки ҳечгоҳ тасаввурашро намекардем. Ӯ афзуд, мехоста аз шаҳри Бохтар духтари беморашро барои табобати ба Душанбе барад, ронандагони таксӣ ба ӯ гуфтаанд, “агар сатратро нагирӣ намебарем.”

“Таксӣ гуфт, апа агар сатратро нигрӣ саворат намекунем, зеро дар роҳ пулис моро ба хотири савор кардани зани сатрдор ҷарима мекунад, як бор аллакай огоҳӣ гирифтам, хоҳиш мекунам сатратро бигир.”, мегӯяд манбаъ.

Вай ҳамчунин афзуд, ки мушкилии ӯ баъд аз расидан дар шаҳри Душанбе дучанд шуд. “Дар ҳар мошине, ки савор мешавӣ аввал таъкид мекунад, ки апа сатратро бигир.”

Манбаъ ба мо нақл кард, ки “Духтарам бемори сахт буд, ҳатто аз ҳарорати баланд қариб беҳуш буд, бо ин вазъият дар назди дари беморхонаи “Қарияи Боло” даромадан нагузоштанд. Ҳатто шинос пайдо кардем илтимос кардем, ки гузоранд ворид шавам, нагузоштанд. Мегуфтанд, аввал бояд ҳиҷобатро кашӣ баъд метавонӣ ба беморхона ворид шавӣ.”

То ҳол мақомоти кишвар, бахусус ниҳодҳое, ки дар ин кор дахл доранд, ин вазъиятро шарҳ надодаанд, ки чаро якбора ва бидуни огоҳии қаблӣ фишорро махсус болои занҳои ҳиҷобпӯш сахт кардаанд, аммо то ҳанӯз ҳеч наворе аз шикояти занҳое, ки ҳиҷобпӯш нестанд, нашр нагардидааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон ба моддаи 18-и қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйиру иловаҳо ворид кард. Ин тарҳи қонун аз ҷониби Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Нуктаи асосие, ки дар ин тарҳи нав ба қонуни мазкур ворид карда шуд, мамнуъ гардидани “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо” буд.

Ин амалкарди мақомоти кишвар вокуниши ҷомеаи тоҷикро ба бор овард. Аз мардуми оддӣ то коршиносони сатҳҳои гуногун дар ин бора назар доданд ва аксар мегӯянд, ки танзими либоси шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти тоҷик мисли чанд соли қабл боз нафрати мардумро ба ҳукумат бештар карда, сафи мухолифонро зиёд хоҳад кард. Зеро, ба гуфтаи онҳо, “пешгирӣ аз тарғиби фарҳанги бегона” танҳо шакл ва либосҳои исломиро дар бар мегирад ва ба он навъ либосҳои нимурён, ки ба фарҳанги тоҷикӣ ҳеч наздикӣ надоранд, коре гирифта намешавад.

Пас аз як ҳафтаи қабули ин қонун мақомоти қудратии кишвар, аз ҷумла маъмурони КДАМ-у додситонӣ то раисони маҳаллаҳо дар мактабу бемористонҳо ва бозорҳо “рейд” гузаронида, ҳиҷоби занҳоро зӯран аз сарашон кашиданро шуруъ карданд.

Дар ҳамин ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр гашт, ки дида мешавад, дар назди даромадгоҳи як беморхона чанде аз кормандони давлат ва кормандони беморхона занҳои ҳиҷобдорро медоранд ва онҳоро маҷбур месозанд, ки рӯймолҳои худро аз сарашон бигиранд, агар нагиранд 3 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Тавре имрӯз Радиои Озодӣ хабар дод, мақомоти кишвар мувофиқи моддаи 18-и тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” барои “овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” ҷарима аз 8 ҳазор то 65 ҳазор сомонӣ муқаррар кардаанд.

Ин фишорҳо сабаб шуд, ки шоми 26-уми май гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик мақомдоронро таҳдид ба қатл карданд. Он рӯз дар шабкаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дида мешуд, се нафар дар даст силоҳ ба мақомдоронрон мегӯяд, дар сурати идомаи ин фишорҳо шахсияти масъулини давлатиро шиносоӣ карда, мекушанд. Онҳо дар хитоб ба мақомот мегӯянд: “Мо мардуми тоҷик то ин вақт ба ҳама зулми шумо хомӯш истодем. Ва имрӯз вақте шумо бар зидди ҳиҷоб қонун баровардед, мо хомӯш намеистем. Посухи моро мунтазир бошед.”

Дар пайи суръат гирифтани фишорҳо ҷамъи бузурге аз фаъолони динӣ ва маданӣ рӯзи ҷумъаи гузаштаро “Рӯзи ҳиҷоб” эълон карда буданд ва аз мардону занони тоҷик хостанд, ки дар ин рӯз барои эътироз ба фишорҳои ҳукумати Тоҷикистон болои занони ҳиҷобпӯш даст ба гирдиҳамоии хиёбонӣ бизананд ва аз ҳукумат бихоҳанд қавонини сахтгирона нисбати ҳиҷобу ришро бекор кунад.

Ва ахиран рӯзи ҷумъа, 31-уми май Анҷумани олимони мусалмон (мақарраш дар Истанбул), дар мавриди манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон изҳорот пахш карда, зимни нашри он, манъи ҳиҷоби занон дар Тоҷикистонро маҳкум ва қарори ҳукумати Тоҷикистонро дар ин робита “мухолафати сареҳ бо шариати исломӣ” донист. Ин Анҷуман дар изҳороташ таъкид карда, ки мақомоти тоҷик бояд ин қарори худро бекор кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.