Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз вазъи ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои кишвар, бахусус шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ кард.
Азим Иброҳим, вазири ин ниҳод дар ҷаласаи ҷамъбастии худ, ки 17-уми октябр баргузор гаштааст, мегӯяд, зиёд шудани тамбашавиҳои роҳ боиси дер мондани шаҳрвандон ба ҷойи кор, асабонияти ронандагону мусофирон ва афзоиши садамаҳо мегардад. Вай афзуд, ки танбашавӣ кори хадамоти фаврӣ, аз ҷумла “Ёрии таъҷилӣ”-ро душвор кардааст.
Вазири нақлиёт сабабҳои асосии ин мушкилро ба афзоиши аҳолӣ ва шумори воситаҳои нақлиёт рабт дода, ба зерсохторҳои марбут супориш додааст, ки “барои рафъи мушкил ва коҳиши тамбашавӣ тадбирҳои фаврӣ таҳия ва пешниҳод намоянд”.
Ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Душанбе, Раҳмиддин Салимзода, теъдоди мошинҳои шахсӣ дар пойтахт солҳои охир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ӯ дар мақолае дар “Паёми Душанбе” навиштааст, ки аз соли 2021 то 2024 шумораи чунин воситаҳои нақлиёт тақрибан 66 дарсад бештар шуда, ҳоло ба 145 ҳазор мерасад.
Салимзода мегӯяд, ки ҳамарӯза аз шаҳру ноҳияҳои атроф беш аз 44 ҳазор мошин ба Душанбе ворид мешавад, ки ин худ яке аз сабабҳои асосии роҳбандӣ ба ҳисоб меравад. Вай ҳамчунин гуфтааст, шумори таксиҳо дар шаҳр низ рӯ ба афзоиш дошта, ҳоло ба 12 ҳазор расидааст.
Муовини шаҳрдори Душанбе пешниҳод кардааст, ки барои осон шудани ҳаракати нақлиёт, дар роҳҳои пойтахт пулҳои болои роҳ сохта шаванд ва хатти махсус барои нақлиёти мусофирбар ҷудо гардад.
Сокинони пойтахт мегӯянд, солҳои охир тамбашавии роҳҳо ба яке аз мушкилоти ҷиддии зиндагии шаҳрӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи коршиносони мустақил, сабаби асосии ин вазъ дар набудани барномаи дурусти ҳамоҳангсозии нақлиёти мусофирбар, сохтмони зиёди хонаҳои истиқоматӣ бидуни дар назар гирифтани ҷойҳои таваққуф, ҳамчунин кам будани автобусу троллейбусҳо ва нақлиёти ҷамъиятии муосир аст.
Ба бовари онҳо, барои кам кардани теъдоди мошинҳои хурд ва мусофирбарҳо, ки аз минтақаҳо вориди Душанбе мешванд, бояд байни шаҳрҳо автобусҳои байнишаҳрӣ роҳандозӣ шавад ва мардумро ташвиқ кунанд, ки барои сафар ба минтақаҳое, ки роҳи оҳан доранд, аз қатор истифода кунанд.
