10.9 C
Dushanbe

Тамдиди ҳабси боз се тоҷики дигар дар Русия

Мақомоти Русия муҳлати ҳабси пешакии чор зодаи кишварҳои Осиёи Марказиро, ки дар пайи ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Красногорск боздошт шуда буданд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, 21-уми августи соли ҷорӣ додраси Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав дар мурофиаи паси дарҳои баста ҳабси пешакии зодаи Қирғизистон Алишер Қосимов, инчунин се зодаи дигари Тоҷикистон Исроил Исломови 62-сола ва писаронаш Аминҷону Диловарро то 22-уми ноябри соли ҷорӣ тамдид кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо вуҷуди эътирози гумонбарон ва вакили онҳо, додрас Борис Сафарин хабарнигорон ва шахсонеро, ки дар парванда ширкат надоранд, аз толор берун кардааст. Дар рафти баррасии ин парванда, аз ҷумла Алишер Қосимов, ки дар ин ҳодиса ҳамчун гумонбар боздошт шудааст, фарёд задааст, ки “бигзор бидонанд, ки мо бегуноҳем!”

Кумитаи тафтишоти Русия ин афродро ба нақш доштан дар ҳамла ба “Крокус” гумонбар медонад. Инчунин мақомоти ин кишвар иддао доранд, ки Аминҷон Исломови 33-сола соҳиби охирини мошине аст, ки дар ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити” истифода шудааст ва ин мошинро ба гумонбарони ҳамла бародари ӯ, Диловар Исломови 24-сола, фурӯхтааст.

Аммо Диловар Исломов дар мусоҳиба бо нашрияи “Новая газета Аврупо” гуфта буд, як ҳафта пеш аз ҳодисаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” мошинашро фурӯхта будааст ва аз дидани мошин дар расонаҳо дар ҳайрат мондааст. Пас аз ин ба гуфтаи наздиконаш, худи Диловар Исломов ҳамроҳи бародараш барои додани баёнот ба шуъбаи пулис рафта буданд, аммо баъд аз он тамос бо ӯ қатъ шуда буд.

Инчунин гуфта мешавад, Алишер хонаашро ба Фариддуни Шамсиддин, ки ба қатли даҳҳо нафар гумонбар аст, ба иҷора дода будааст. Аммо худи Алишер Қосимов дар аввалин мурофиа гуфта буд, ки гуноҳе надошта, аз нақшаи хуҷум ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар надошт ва намедонист, ки нафари иҷорагир “террорист” аст.

Дар охири моҳи март ин афрод аз додгоҳ хоста буданд, ки қарорашро дар бораи ҳабси пешакии онҳо бозбинӣ кунад, аммо дархосташон рад шуда буд.

Гуфта мешавад, пеш аз ин ҳам чор нафар рӯзҳои 18 ва 19-уми августи соли ҷорӣ дар Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав ҳабси пешакии 8 зодаи дигари Тоҷикистонро то 22-уми ноябр дароз карда буд.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 144 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, беш аз 180 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар пайи ин ҳодиса мақомоти Русия беш аз даҳ зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла боздошт карда буданд. Дар чанд моҳи охир низ чанд тарҳи нави қонунҳое дар Русия пешниҳод ва қабул гардиданд, ки вазъи муҳоҷирон дар ин кишварро мушкилтар мекунанд.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки маҳз пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст. Инчунин дар ин давра аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтани муҳоҷирон бештар шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон маркази логистикии бастабандӣ ва содироти маҳсулот месозад

Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд дар кишвар маркази логистикӣ барои бастабандӣ ва содироти маҳсулот месозанд.

Русия: Дар ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” 27 нафар гумонбар аст

Мақомоти Русия дар ҳамла ба маркази "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав 27 нафарро гумонбар медонанд.

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.