Дар вилояти Перм тақрибан 1,2 ҳазор хориҷие, ки давоми даҳ моҳи соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба қайди ҳарбӣ гузошта шуданд.
Бино ба иттиллои Шуъбаи ҳарбии Кумитаи тафтишотии Русия дар гарнизони Перм, аз ин шумора 68 нафарашон бо Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия қарордод баста, ба ҷанги зидди Украина фиристода шудаанд.
Гуфта мешавад, барои додани даъватнома кормандони Кумитаи тафтишот бо намояндагони комиссариати ҳарбӣ ва Хадамоти муҳоҷират дар ҷойи хобу кори муҳоҷирон ва бозору кӯчаҳо рейдҳо мегузаронданд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳуҷҷатҳои даъват ба комиссариати ҳарбӣ бевосита ҳангоми гирифтани шиносномаҳои русӣ дода мешудаааст.
Бояд гуфт, рейдҳои монанд дар дигар минтақаҳои Русия низ баргузор шуда, маълум нест аз аввали соли 2025 то имрӯз чанд нафар дар тамоми Русия ба қайди ҳарбӣ гузошта шудаанд. Инчунин шумораи умумии зодагони Тоҷикистон, ки дар Русия дар қайди ҳарбӣ гузошта шудаву ба ҷанги зидди Украина фиристода шудаанд, маълум нест.
Аммо 18-уми августи соли 2025, Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” номи 628 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда буд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2025 бо Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия шартнома бастаанд.
Қаблан ҳамин марказ номи 931 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар солҳои 2023 ва авоили соли 2025 дар сафи артиши Русия зидди Украина ҷангиданд, нашр карда буд. Дар ин омор гуфта мешуд 196 нафарашон фавтидаанд, ки ҷавонтаринашон 18 ва калонсолтаринашон 70 сол доштааст.
Дертар 9-уми октябри соли 2025 рӯйхати 446 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки марги онҳо, ба гуфтаи марказ, тасдиқ шудааст, нашр кард.
Ин шумораи бештарин дар байни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон буда, омор метавонад аз ин ҳам бештар бошад. Чун пештар раҳбари Маъмурияти байналмилалии исломӣ муфтӣ Шафиқ Пшихачев дар ҷаласаи Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия гуфта буд, ки беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.
Аммо бар хилофи Узбекистон, ки дар он ҷо иштирок дар ҷанг метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда расонад, дар Тоҷикистон то ҳол ягон ҳолати боздошт ё ҳукм нисбати сарбозон ё ҷалбкунандагон ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳатто додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотие ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар бештар аз се соли охир касеро барои иштирок дар ҷанги Украина ҷазо надодаанд, чун баъзе аз онҳо душаҳрвандӣ доранд ва ҳар нафаре, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул кунад, талабот ва уҳдадориҳои он давлатро бояд риоят кунад.
Иддаои ин мақомдори тоҷик дар ҳолест, ки борҳо муҳоҷирони тоҷики бе шаҳрвандии Русия аз ҷалби иҷборияшон ба артиши ин кишвар шикоят карда буданд ва дар аксар ҳолат ба муҳоҷирон пас аз адои хидмат ё бастани шартнома бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳуҷҷати ин кишвар дода мешавад.
