27.9 C
Dushanbe

Танишҳо байни Исроилу Эрон шиддат мегирад. Ҷанг ба куҷо мекашонад?

Бо оғози шашумин рӯзи ҳамлаҳои артиши Исроил ба Эрон раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Алӣ Хоманаӣ бо нашри паёме гуфт, ба Исроил “посухи қавӣ” хоҳад дод.

Алӣ Хоманӣ дар паёмаш гуфт: “Мо бояд посухи қавие ба режими террористии саҳюнистӣ бидиҳем. Ҳеч раҳму мурувате ба саҳюнистҳо нишон нахоҳем дод.” Раҳбари Эрон қабл аз ин бо таҳдид ба Исроил навишта буд, ки “Акнун набард оғоз мешавад.”

Аз тарафи дигар, сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Абдурраҳим Мусавӣ аз сокинони Тел-Авив ва Ҳайфо даъват кард, ки барои ҳифзи ҷони худ шаҳрҳоро тарк намоянд.

Шаби гузашта Эрон дар посух ба ҳамлаҳои ҳавоии вайронгари Исроил бо беш аз 20 мушак ба Тел-Авив ҳамла кард, ки чанде аз онҳо ба ҳадаф расиданд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эълом кард, ки дар мавҷи ёздаҳуми амалиёти “Ваъдаи содиқ 3”, насли аввали мушакҳои “Фаттоҳ”-ро истифода бурдааст ва изофа намуд, ки ин амалиёт “оғози поёни устураи дифои ҳавоии артиши саҳюнистӣ” мебошад.

Аз сӯи дигар, шшабакаи телефизионии 12-и Исроил гузориш дод, ки то ҳол беш аз 1800 нафар дар Исроил дар натиҷаи ҳамлаҳои Эрон кушта ва маҷруҳ шудаанд.

Ҳамзамон Исроил субҳи имрӯз бо 50 ҷанганда ба манотиқи ҳассоси Эрон ҳамла кард. Исроил иддао карда, ки ба ҳарими ҳавоии Теҳрон даст пайдо кардааст ва тавоноии мушакии Эрон рӯ ба камшавӣ аст, вале Эрон мегӯяд, мушакҳое дорад, ки то ҳол истифода нашудаанд ва бо партоби онҳо Исроилро ғофилгир хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки субҳи рӯзи чоршанбе бархе расонаҳои амрикоӣ бо такя ба мақомҳои низомии кишварашон гузориш доданд, ки қувваи дифои ҳавоии Исроил заъиф шудааст ва агар кумаки Амрико набошад, дар ин ҷанг давом оварда наметавонад.

Рӯзномаи “Вашингтон Пост” бо истинод ба арзёбиҳои иктишофии амрикоӣ ва исроилӣ навишт, ки Исроил метавонад то 12 рӯзи дигар бе кумаки ИМА алайҳи мушакҳои Эрон муқовимат кунад.

Расонаҳои амрикоӣ дар ҳоле аз заъиф шудани нерӯҳои исроилӣ мегӯянд, ки артиши Исроил иддао дорад, ҳамлаҳои беамонаш ба партобгарҳои мушак дар саросари Эрон, қудрати мушакии Сипоҳро ба шиддат тазъиф кардааст.

Ҳамзамон шаби гузашта раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо Шӯрои амнияти миллии Амрико нишаст ташкил дод, то масъалаи ҳамла ба Эронро баррасӣ кунад. Баъдтар расонаҳо навиштанд, ки Амрико дар ин шабу рӯз вориди ҷанг шуданӣ нест.

Вале Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Social Truth” дар хитоб ба раҳбари Эрон Алӣ Хоманаӣ навишт, ки “Медонем махфигоҳат куҷост ва сабри мо дар ҳоли лабрез шудан аст.” Трамп пештар дар ин шабака навишта буд, ки “Контроли осмони Эрон ба таври комил дар ихтиёри мо аст.” Ва аз Эрон “таслими бе қайду шарт”-ро талаб карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА

Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ нишасти Кумитаи амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена баргузор гардид.

Оғози амалиёти “Нелегал” дар Челябинск

Дар вилояти Челябински Федератсияи Русия "рейд"-и муҳоҷирон бо номи амалиёти "Нелегал" оғоз ёфтааст.

Мақомот нуҳ сокини маҳаллаи “Дарвоз”-ро равонаи зиндон кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нуҳ сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳомҳои ифротгароӣ равонаи зиндон кард.

Ҳаққи истифодабарии Русия аз НБО “Сангтуда-1” боз тамдид шуд

Парлумони Тоҷикистон дар нишасти навбатияш рӯзи 16-уми июни соли ҷорӣ, муҳлати истифодаи НБО "Сангтӯда-1"-ро барои Русия тамдид кард.