15.9 C
Dushanbe

Интиқоди HRW аз мақомоти Тоҷикистон

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) бо нашри гузорише аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, мақомоти кишварро зери интиқод қарор додааст.

Ин ниҳоди байналмилалии ҳуқуқӣ бештар мақомоти Тоҷикистонро барои саркӯби эътирозҳои мусолиматомез дар Бадахшон, фишор ба рӯзноманигорону вакилони мудофеъ, бадрафторӣ бо зиндониён, озод накардани зиндониёни сиёсӣ ва набудани таҳқиқи шаффоф дар мавриди низоъи сарҳадӣ бо Қирғизистон интиқод кардааст.

Дар гузориши нави Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки рӯзи 12-уми январ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки дар соли 2022 мақомоти Тоҷикистон дар пасманзари саркӯби тазоҳуроти осоишта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва бо сохтани иттиҳомоти ҷиноӣ алайҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар барои фаъолиятҳои касбии онҳо, саркӯб кардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро афзоиш доданд.

Дар гузориш гуфта мешавад, мақомот аз моҳи ноябри соли 2021 то июни соли 2022 дар пайи саркӯби тазоҳуроти осоишта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон камаш 34 нафарро кушта, даҳҳо нафари дигарро боздошт ва барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд. Тибқи баъзе маълумотҳо кушташудаҳо бештар аз онест, ки дар расонаҳо гуфта мешавад.

Инчунин дар гузориш омадааст, ки рӯзноманигорону блогнависон барои гузориш додан дар бораи ҳодисаҳои ВМКБ ва интиқод аз Ҳукумат таъқиб ва равонаи зиндон шудаанд.

HRW аз рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева (ба 21 сол зиндон маҳкум шуд), 13 узви “Комиссияи 44”,  ихроҷи Шодрӯз Аҳроров аз Русия (6 сол зиндонӣ шуд) ва аз нопадид шудани иҷбории камаш 7 фаъол аз ноябри соли 2021 то августи соли 2022 ёдовар шуда, бо такя ба пайвандони боздоштшудаҳо аз эҳтимоли шиканҷа шудани онҳо навиштаанд.

Ин созмони байналмилалӣ мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон хабарнигорон Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Эмомалиро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” аз ҳафт то даҳ сол зиндонӣ карданд. Чизе, ки худи онҳо ва пайвандонашон беасос медонанд.

Дар гузориш инчунин ба сензура (сонсур)-и шадиди расонаҳо ва таъқиби рӯзноманигорон ишора шуда, гуфта шудааст, ки “Чаҳор рӯзноманигори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настоящее время” пас аз мусоҳиба бо Улфатхоним Мамадшоева мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Шахсони номаълум дурбин ва телефонҳояшонро рабуданд, латукӯб ва таҳдид ба марг карданд”.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ба ҳушдори Додситонии кул ба расонаҳо дар мавриди бозтоб надодани рӯйдодҳои ВМКБ ишора шудааст, ки дар пайи он хабаргузории “Азия-Плюс” аз нашри хабар дар бораи воқеаҳои Бадахшон даст кашид.

Ғайр аз ин, дар гузориши HRW дар бораи маҳдудияти фаъолияти хабарнигорони Радиои Озодӣ ба далели додани эътиборномаҳои кӯтоҳмуддат ва фишор ба кормандони шабакаи “Азда тв” ва маҳдудияти сафар барои пайвандони онҳо дар Тоҷикистон низ зикр шудааст.

Рӯзноманигорони шабакаи мустақили муҳоҷири Azda TV аз идомаи фишори амнияти давлатӣ ба пайвандонашон, ки дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд, аз ҷумла бо таҳдиди таъқиби ҷиноӣ ва маҳдудияти сафари озод аз кишвар хабар доданд”,- омадааст дар гузориши HRW.

Дар гузориши ин созмон аз зиндониёни сиёсӣ низ ном гирифта шуда, гуфта мешавад, ки даҳҳо раҳбар ва аъзои қатории аҳзоби мухолиф, аз ҷумла ҲНИТ, ки бо иттиҳоми ангезаи сиёсӣ дошта, ба муҳлатҳои тӯлонӣ ва ё ҳабси абад маҳкум шуда буданд, бо вуҷуди даъватҳои байналмилалӣ барои раҳоии онҳо, боз ҳам паси панҷара боқӣ мемонанд.

Яке аз бунёдгузорони ҲНИТ Зубайдулло Розики 80-сола барои сӯҳбати мазҳабӣ бо дигар зиндониён, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон мамнуъ аст, ду маротиба ба маҳбас интиқол дода шуд”,- менависад HRW.

Инчунин HRW аз “ошӯб” дар зиндоҳо ёдовар шуда, гуфтааст, ки “Ҳеч навъи таҳқиқи воқеӣ баргузор нашуд ва масъулони шӯриш дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат дар моҳи ноябри 2018 ва майи 2019 ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд. Дар натиҷаи ин шӯришҳо 50 зиндонӣ ва 5 посбони зиндон кушта шуданд. Инчунин моҳи июли соли 2019 14 зиндонӣ ҳангоми интиқол ба зиндон аз заҳролудшавӣ ҷон бохтанд ”.

Дар гузориш ба даргириҳо дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ишора шуда, гуфта шудаааст, ки “соли 2022 низ як муноқишаи дигари марзӣ мушоҳида шуд, ки дар ҷараёни он даҳҳо ғайринизомӣ кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳеч таҳқиқе дар мавриди марги ғайринизомиён дар ҷараёни даргирии байни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2021 сурат нагирифт ва касе ҳам барои он посухгӯ нашуд”.

Гузоришгарони ин созмони байналмилалии ҳуқуқӣ низ ба иҷрои ғайримуассири қонуни соли 2013 дар бораи пешгирии хушунат дар оила ишора кардаанд, ки Ҳукумат хушунати хонаводагиро ҷиноят намешуморад ва аз қурбониён ҳимояти кофӣ намекунад ва дар кишвар зӯроварӣ дар оила нисбат ба занон ва духтарон ҳамчунон васеъ паҳн шудааст.

Инчунин дар гузориш аз қонуни зидди табъиз низ ном гирифта шудааст, ки мафҳумҳои “гароиши ҷинсӣ” ва “ҳувияти ҷинсӣ”-ро ҳамчун категорияҳои ҳифозатӣ аз пешнависи қонун ҳазф кардааст.

Дар охир HRW аз созмонҳову кишварҳои ҳомии ҳуқуқи башар, ки аз Ҳукумати Тоҷикистон риоя кардани қонунҳои байналмилалӣ ва даст бардоштан аз фишору таъқиби фаъолону дигарандешонро талаб карда буданд, ёдовар шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.