13.9 C
Dushanbe

ТАЪРИХЧАИ ТЕРРОР ВА ОМОРИ ТЕРРОРҲОИ ҚАДИМУ НАВИН

Таърихнигорон пайдоиши аввалин террорҳоро ба асри 1-и мелодӣ нисбат медиҳанд. Аҷиб ин аст, ки сарчашмаи терроре, ки имрӯзҳо ба арабҳо ва мусалмонон нисбат медиҳанд, он замон ба яҳудиён тааллуқ дошт…

(Бахши якум)

Ибораи террористро, хосатан дар ин даҳсолаи охир борҳо аксаран аз забони сухангӯёни ҳукуматҳои худкома шунидаем. То ба имрӯз дар ҷаҳон, аз тарафи доираҳои сиёсӣ таърифи аниқе барои фаҳми дурусти калимаи  “терроризм” пешниҳод нашудааст. Ҳамин аст , ки ҳар давлате мувофиқи сиёсат ва манфиати худи ҳукуматдорон ва баъзан баҳри манфиати ба ном миллиашон ба ин ё он гурӯҳ тамғаи терроризмро мечаспонанд.

Дар асл “террор” калимаи лотинӣ буда, маънои луғавиаш “тарсондан” ва “ба ваҳшат андохтан” аст. Дар истилоҳи сиёсӣ бошад, маънои  “истифода аз хушунат ва таҳдид барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, идиологӣ, мазҳабӣ ва миллатгароӣ”-ро ифода менамояд.

Мувофиқи ташхиси мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, терроризм ба намудҳои зерин: терроризми давлатӣ, байналмилалӣ, сиёсӣ, динӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ ва сиберӣ тақсим мешавад. Мо дар ин матлаб барои дарки мафҳуми “террор” ба таърихи он назар карда, зикри баъзе аз намунаҳои онро ба маврид мешуморем .

Таърихнигорон пайдоиши аввалин террорҳоро ба асри 1-и мелодӣ нисбат медиҳанд. Аҷиб ин аст, ки сарчашмаи терроре, ки имрӯзҳо ба арабҳо ва мусалмонон нисбат медиҳанд, он замон ба яҳудиён тааллуқ дошт ва яке аз аввалин гурӯҳҳои террористӣ сектаи яҳудии Сикарӣ (ханҷарбадастон) мебошад, ки дар асри 1-и мелодӣ амал мекард. Сикариҳо румиҳоро, ки ҳукмдорони замон ва яҳудиёнеро, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, ба воситаи ханҷар ба қатл мерасониданд. (www.masu.edu.ru)

Ҳарчанд дақиқ маълум набошад ҳам, муаррихон адади кушташудагонро дар замони истилои муғулон ҳудуди 40 миллион нафар медонанд. (history.com/news)

Дар он замон, ки аслиҳа аз ханҷару камон иборат буд, кушташудагон ба ин адад расидааст, тасаввур карда намешавад, ки агар онҳо ба яроқҳои имрӯза дастрасӣ медоштанд, чи қадар инсонҳоро ба қатл мерасониданд?

Бино ба маълумоти як қатор манбаҳои муосир, тақрибан 19 миллион нафар аз дасти сарбозони Темур кушта шудаанд. Ҳарчанд эҳтимолан дар шумораи қурбониёни лашкаркашиҳои Темурланг муболиға шуда бошад ҳам, онҳо бешубҳа, ба миллионҳо нафар мерасанд.( https://topwar.ru/)

Пайдоиши худи  калимаи террор ба револютсияи Фаронса  (1793-1794) рост меояд. Робеспер ба муқобили душманони револютсия террор эълон намуда, дар як муҳлати кӯтоҳ ҳазорҳо нафарро ба қатл расониданд. Анархистони рус ҳам аз фаронсавиҳо илҳом гирифта, дар соли 1881 император Александ 2-ро террор намуданд.

Адади кушташудагон аз тарафи Германияи фашистиро таърихнигорон тақрибан 30 млн нафар медонанд. Террори коммунистӣ (1918-1956) яке аз ҳодисаҳои дардноктарин дар таърихи навини Русия мебошад. Аз охири 1950-ум муаллифони гуногун дар асоси усулҳои ҳисобкунӣ шумораи гуногуни қурбониёнро овардаанд. Рақамҳое, ки А.Солженитсин дар Архипелаги Гулаг овардааст, қурбониёни низоми коммунистӣ 60 млн нафарро дар бар мегирад.(www.openuni.io)

Баъди ба сари ҳокимият омадан, Мао (асосгузори Ҳизби Халқии Хитой ва авалин роҳбари ин ҳизб 1949-1976), эълон кард, ки 800 ҳазор нафар ”унсурҳои контрреволютсионӣ” барҳам дода шуданд. Аз 30 то 43 миллион нафар одамон дар натиҷаи гуруснагии оммавӣ ҷони худро аз даст додаанд. Дар давраи револютсияи маданӣ шумораи қурбониҳо 1,5 то 1,8 миллион нафар буд. Чанг ва Ҳоллидей ба ин хулоса омаадаанд: “Мао Седун дар марги 70 миллион нафар одамон дар замони осоишта ҷавобгар аст”. (Deli Welt /01.10.2019)

6 августи соли 1945 бомбаандози амрикоӣ аввалин бомбаи атомиро дар ҷаҳон дар Херосима ва 9 августи ҳамон сол дар Нагасакаи Япония партофт. Дар ҳол баъди таркиш дар Херосима 80 000 ва то охири сол 140 000 ва дар Нагасаки 70 000 нафар ба ҳалокат расидаанд. (www.aa.com.tr/ru) Аз рӯи баъзе оморҳо, аз ибтидои таркишҳо, то ба имрӯз 350 000 нафар қурбонии ин ҳамалоти атомӣ шудаанд ва ин ҳам ниҳоӣ нест.

Рӯзи сешанбеи 11-и сентябри соли 2001 ҳамлагарони маргталаб  ҳавопаймоҳҳои мусофирбари амрикоиро забт карданд ва ба ду бинои осмонбӯси Ню-Йорк бархӯрданд, ки дар натаҷаи ин ҳамлаи террористӣ, 2977  нафар ҷони худро аз даст доданд. (https://www.bbc.com/news/)

Пажӯҳишҳои нави муҳақиқони Донишгоҳи Браун дар ҷангҳои баъди 11 сентябр дар Афғонистон, Ироқ ва Покистон адади кушташудагоро ним миллион мегӯянд. Рақамҳо, гарчанде ба таври консервативӣ ҳисоб карда мешаванд, ҳайратоваранд. Муҳаққиқони Браун тахмин мезананд, ки дар ҷараёни ин даргириҳо 480 000 нафар мустақиман бар асари хушунат кушта шудаанд, ки беш аз 244 000 нафарашон ғайринизомиён буданд. /theintercept.com/2018/11/19/civilian-casualties-us-war-on-terror/

Чуноне мебинем, террор хоси ягон миллату дин набуда, аз тарафи баъзе инсонҳо барои расидан ба манфиатҳои гурӯҳӣ ва сиёсии худ ба сӯи дигар инсонҳо ва давлатҳо равона карда шудааст. Хулосагирии оморҳои овардашударо бошад, ба хонандаи гиромӣ ҳавола менамоем, то хонаду муқоиса карда, қазоват намояд, ки кадоме аз давлатҳо ё гурӯҳҳои идиологии гузашта ва имрӯза нисбати дигарон “дастоварди” террористиаш зиёд буда, дар қатли зиёди инсонҳои бегуноҳ сабабгори асосӣ ба ҳисоб мераванд.

(Идома дорад…)

Салмон  Саидзода

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.