Субҳи рӯзи 6-уми сентябр дар роҳи асосии Душанбе-Чаноқ як мошини интиқолдиҳандаи гази моеъ таркидааст ва ба ин хотир ҳаракати мошинҳо дар роҳи мазкур баста шудааст.
Акс: ИнтернетДар ин бора субҳи имрӯз филиали ширкати “IRS” (Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи фесбукаш хабар дод, ки ба сабаби аз кор баромадани тормози мошини интиқолдиҳандаи гази моеъ ин ҳодиса рух додааст.
Тавре ин ширкат хабар медиҳад, “дар километри 46- уми роҳи Душанбе – Чаноқ нақлиёти боркаши барои интиқоли гази моеъ махсусгардонидашуда, бинобар аз кор баромадани тормоз бо садама дучор шуд. Дар натиҷа, таркиш ба амал омад.”