33.9 C
Dushanbe

Таркиши мошини газбар роҳи Душанбе-Чаноқро баст

Субҳи рӯзи 6-уми сентябр дар роҳи асосии Душанбе-Чаноқ як мошини интиқолдиҳандаи гази моеъ таркидааст ва ба ин хотир ҳаракати мошинҳо дар роҳи мазкур баста шудааст.

Дар ин бора субҳи имрӯз филиали ширкати “IRS” (Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи фесбукаш хабар дод, ки ба сабаби аз кор баромадани тормози мошини интиқолдиҳандаи гази моеъ ин ҳодиса рух додааст.

Тавре ин ширкат хабар медиҳад, “дар километри 46- уми роҳи Душанбе – Чаноқ нақлиёти боркаши барои интиқоли гази моеъ махсусгардонидашуда, бинобар аз кор баромадани тормоз бо садама дучор шуд. Дар натиҷа, таркиш ба амал омад.”

Масъулони ширкат гуфтаанд, ки бо сабаби ин ҳодиса ҳаракати мошинҳо дар роҳи мазкур муваққатан баста шудааст.

Ҳоло ҷузъиёти ин ҳодиса равшан нест. Ба гуфтаи манбаъ, тафсилоти он дертар нашр хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.