31.9 C
Dushanbe

Тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Путин на мардуми Бадахшон

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо ирсоли як барқияе ба раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба хотири қурбониёни таркиши гази метан дар шахтаи “Листвяжная” изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дар ин изҳори тасаллият омада аст: “Хабари ҳалокати шумораи зиёди одамон бар асари таркиши гази метан дар шахтаи “Листвяжная”-и вилояти Кемерево моро сахт ғамгин кард.

Аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, изҳори хоҳиш менамоям, то аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандон ва наздикони қурбониён таъзияи самимӣ ва ҳамдардии моро расонед.

Ба ҳамаи осебдидагон бар асари ин фалокат шифои оҷил мехоҳам”.

Ин изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Русия дар ҳоле сурати мегирад, ки дирӯз, 25-уми ноябр бар асари оташ кушондан ба самти эътирозгарони осоиошта дар шаҳри Хорӯғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон теъдоди кушташудаҳо дар ин вилоят ба се нафар расида, дасти кам 15 нафар захмӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.