Тасдиқи хабари Аздо тв дар Тоҷикистон

Макони будубоши фаъоли сиёсии тоҷик, Абдуллоҳи Шамсиддин, ки наздик ба ду моҳ пеш аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, маълум гашт.

Имрӯз, 7-уми марти соли 2023 сомонаи Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеи худ дар Аврупо таъйид кард, ки фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддин дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Аммо то ҳол ҳеч ниҳоде дар Тоҷикистон расман аз макони боздошти Абдуллоҳро нагуфтаанд.

Пеш аз ин вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дар суҳбатҳои алоҳида ба расонаҳо гуфта буданд, ки дар бораи дар куҷо будани Абдуллоҳи Шамсиддин иттилоъ надоранд.

Ин дар ҳолест, ки 27-уми феврали соли ҷорӣ Azda tv дар истинод ба пайвандони Абдуллоҳи Шамсиддин хабар дода буд, ки “ин фаъоли сиёсӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва аз тарси Саймумин Ятимов ҳеч касе аз мақомоти қудратӣ ҷуръат намекунад, ки дар ин бораи чизе бигӯяд.“

Гуфта мешавад, мақомоти олмонӣ фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро 18-уми январи соли ҷорӣ тариқи Туркия ба Тоҷикистон ихроҷ карда буданд. Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ин фаъоли сиёсиро аз дохили ҳавопаймо боздошт карда, ба худ бурда буданд ва то кунун ҳеч ниҳоде дар Тоҷикистон расман дар бораи ин боздошт ба расонаҳо иттилоъ надодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

Фарзандони тоҷик дар ҷанги бегонаву бемаънии Русия бар зидди Украина ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешаванд…

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.