32.9 C
Dushanbe

Таъсири интиқодҳо ба Эмомалӣ Раҳмон?

Пас аз интиқодҳои тунди мақомоти расмӣ ва расонаҳо аз вазъи боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ раҳбарони чанд зиндонро иваз кард.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 22-уми июли соли 2025, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва ноҳияи Ёвонро аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо кадрҳои наверо ба ин вазифаҳо таъин кард.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон низ хабар додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон “Муовини якуми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия”-ро аз вазифа барканор карда, ба ҷои вай кадри ҷавонеро ба ин мансаб таъйин кардааст.

Ҳамзамон бо ин, Эмомалӣ Раҳмон раҳбарон ва фармондеҳони як қатор сохторҳои низомӣ ва қудратии Тоҷикистонро ҳам дар Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи динро аз вазифаи барканор ва ба ҷои онҳо одамони ҷадидеро мансуб кард. 

Пеш аз ин Омбудсмени Тоҷикистон бо нашри як гузориш аз мақомот интиқод карда гуфта буд, ки айни замони ҳудуди 16 ҳазор зиндонӣ дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд ва бо сабаби аз ҳад зиёд нигаҳ доштани маҳбусон дар утоқҳо шароити санитариву маъишӣ ва тиббии маҳбасхонаҳои кишвар ба талоботи рӯз ҷавобгӯ намебошанд.

Инчунин ба қавли Ваколотдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, айни замон дар бархе боздоштгоҳҳои муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ боздоштшудаҳо аз ҳисоби давлат ба хӯрок таъмин карда намешаванд, балки онҳо аз ҳисоби хонаводаҳои худ ва ё худи кормандони милиса бо ғизо таъмин карда мешаванд, ки он хилофи талаботи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ин интиқодҳои омбудсмени Тоҷикистон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мавҷе аз вокунишҳо рӯбарӯ гардида, даҳҳо нафар хостори бозбинии вазъи боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва беҳтар кардани шароити нигаҳдории зиндониён дар муассисаҳои ислоҳии кишвар гадида буданд.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба сурати расмӣ 19 муассисаи ислоҳӣ ва боздоштгоҳ фаъолият мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон идао мекунанд, ки бисёре аз ин зиндонҳо таҷдид ва навсозӣ шудаанд ва шароити нигоҳдории маҳбусон наздик ба талаботи байналмилалӣ аст, аммо зиндониён ва наздикону пайвандони онҳо, ки ба дидорбинии онҳо мераванд, ин иддаои мақомотро рад карда мегӯянд, ки шароити санитарӣ ва маъишии зиндониён ба талаботи рӯз ҷавобгӯ намебошанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

14 соли зиндон барои як зодаи Тоҷикистон дар Русия

Додгоҳе дар вилояти Новосибирски Русия, зодаи Тоҷикистон Баҳодурҷон Аҳмадалиевро...

Кӯчабандон дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст,...

Муҳоҷирон дар 3-моҳ 1,8 миллиард доллар ба Тоҷикистон интиқол доданд

Дар семоҳаи аввали соли 2025 аз хориҷ ба Тоҷикистон...

Чаҳор ҳазор ҷойи кори холӣ дар мақомоти давлатӣ

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мақомоти давлатии Тоҷикистон...