Таъсиси Фонди дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Тоҷикистон

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки барои таъсиси Фонди дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ пешниҳодҳои мушаххас ироя намояд.

Акс аз сомонаи Президенти Тоҷикистон

Субҳи 16-уми марти соли 2022 дар ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ  “ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо оид ба таъсиси Фонди дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои навоғозшавандаи ҷавонон, ки аз ҳисоби сармоягузориҳо ташаккул меёбад, пешниҳоди мушаххас манзур намояд.”

Ҳамзамон дар ин ҷаласа “ба шарикони рушд” тавсия дода шуд, ки дастгирии худро дар ин самт тақвият бахшанд” ва идораҳои дахлдори кишвар низ муваззаф гардиданд, ки барои беҳтар намудани фаъолияти соҳибкории ҷавонон таҳлили ҳамаҷониба гузаронида, натиҷаи онро бо тавсияву пешниҳодҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро ироа намоянд.

Гуфтанист, ин нишаст бо ҳузур ва раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар он бар иловаи аъзои Ҳукумати Тоҷикистон баъзе намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорони дохилӣ низ иштирок ва суханронӣ карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.