36.9 C
Dushanbe

Раисҷумҳури Яман аз мақомаш канор рафт

Раисҷумҳури фирории Яман дар Арабистони Саудӣ Абдураббиҳи Мансур аз мақомаш канор рафт ва тамоми салоҳиятҳои худро ба Шӯрои раҳбарии Яман таҳвил дод.

Акс аз “Reuters”

Бино ба иттилои Алҷазираи Қатар, субҳи имрӯз, 7-уми апрели соли 2022 Абдураббиҳи Мансур, собиқ Президенти фирории Яман, ки дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ ба сар мебурд, пас аз таъсиси Шӯрои раҳбарии Яман тамоми салоҳиятҳои худро ба ин шӯро таҳвил дод.

Шӯрои раҳбарии Яман иборат аз 8 нафар буда, раҳбарии онро дуктур Рашшод Ал-Алимӣ бар уҳда дорад. Аммо ҷамоати Ансоруллоҳи Яман, ки амалан идораи ин кишварро дар даст дорад, таъсиси ин шӯроро ғайриқонунӣ хондааст.

Раёсати ҷумҳурии Яман эълон карда, ки раҳбарии сиёсӣ, амниятӣ ва низомии Яманро ин шӯро бар уҳда дорад ва барои расидан ба сулҳ ва суботи пойдор бо ҳусиҳои ин кишвар, ки идораи давлатро зери даст доранд, вориди музокира мешавад.

Гуфта мешавад, эътилофи низомии арабӣ, ки зери раҳбарии Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб соли 2014 ташкил шуд, то кунун натавонист, ки ба аҳдофи худ дар Яман даст ёбад ва ба қали худашон “ҳукумати қонунӣ”-ро барқарор кунад.

8 соли ҷанг ва муҳосираи Яман тавассути ин эътилоф миллионҳо нафар сокинони ин кишварро овора карду ба ҳамин монанд миллионҳо каси дигарро зери хати фақр кашонд, вале натавонист ҳусиҳоро аз қудрат барканор кунад.

Аммо дар ин муддат, ҳусиҳо нерӯмандтар аз 8 соли пеш гардида, муҳимтарин марказҳои стотегӣ ва иқтисодии Арабистони Саудӣ ва Аморотро зери ҳадафҳои мушакӣ ва таёраҳои бидуни сарнишини худ қарор доданд ва ин боис шуд, ки эътилофи арабӣ охири марти соли 2022 оташбаси 3-моҳа эълон карду ба дунбол ин Шӯрои раҳбарии Яманро таъсис доданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Маросими имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар бо ҳузури сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 8-уми июн беш аз 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд. 

Сафари Додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон

Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси як ҳайати боломақоми кишвар вориди Тоҷикистон шудааст.