32.9 C
Dushanbe

Тасмим дар бораи ояндаи Афғонистон бастаги ба натиҷаи музокирот байни Ҳукумат ва Толибон

Хабаргузории “Франс Пресс” аз қавли сухангӯи Толибон гуфтааст, ки гурӯҳи исломгаро ҳар гуна тасмим дар бораи ояндаи Афғонистонро ба натиҷаи музокироти байни ҳукумат ва Толибон мавқуф гузоштааст.

“Чунин пружаҳо (интихобот) дар гузашта кишварро ба остонаи буҳрон кашонда буданд”, гуфт Забеҳуллоҳи Муҷоҳид ба ин хабаргузорӣ.

Қаблан ду мақоми расмии ҳукумати Афғонистон ба “Франс Пресс” гуфта буданд, ки қарор аст раиси ҷумҳур Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар конфронси сулҳи Афғонистон, ки моҳи оянда дар Истанбул баргузор мешавад, интихоботи пеш аз муҳлатро пешниҳод кунад.

Рӯзи сешанбе хабаргузории “Reuters” аз қавли ду мансабдори ҳукумати Афғонистон гузориш дода буд, ки президент моил аст дар сурати тавофуқи Толибон ба барқарории оташбас, дар муддати шаш моҳ интихоботи зудҳангом баргузор шавад.

Ба навиштаи (DW) заминаи музокироти сулҳи миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон тавофуқе буд, ки соли гузашта байни ҳукумати ИМА ва Толибон сурат гирифт. Тибқи ин тавофуқ, қарор аст, ки ҳамаи сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон то 1 майи соли равон ин кишварро тарк кунанд.

Аммо президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки дар замони муайяншуда пурра баровардани нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон душвор хоҳад буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.