17.9 C
Dushanbe

Тасодуфи маргбори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон

Шаби 1-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Жешови Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари тасодуф ҷон бохт.

Ба гузориши расонаҳои лаҳистонӣ, шаби 1-уми декабр 3 шаҳрванди Тоҷикистон, ки савори худрави “Мерседес” буданд, дар кӯчаи Langiewicza-и шаҳри Жешов бо суръати баланд ба як дарахт бархӯрданд. Яке аз сарнишинон дар ҷои ҳодиса фавтида, ҳолати ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон вазнин гузориш дода мешавад.

Бино ба иттилои пулиси шаҳри Жешов, ронандаи “Мерседес” як ҷавони 20-солаи шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар ҳолати мастӣ ронандагӣ мекардааст. Тибқи хабарҳои тасдиқнашуда, ҳарсеи ин ҷавонон донишҷӯи яке аз донишкадаҳои хусусии Жешов будаанд. Пулис мегӯяд, ронандаи ҷавонро аз 20 сол то ҳабси абад барои дар ҳолати мастӣ ронандагӣ кардан таҳдид мекунад.

Пулиси Лаҳистон аз ин шаҳрвнадони Тоҷикистон ном набурдааст ва ҳувияти онҳо маълум нест. Ҳамзамон касе аз наздикони онҳо ба расонаҳо чизе нагуфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раисе, ки Бег Сабурро интиқод карда буд, аз зиндон озод шуд

Собиқ раиси шаҳри Кӯлоб, Баҳром Иноятзода, ки соли 2020 бо иттиҳоми қаллобӣ ва порагирӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, озод шудааст.

Муҳриддин бо Муттақӣ дар бораи чӣ гуфтугӯ кард?

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бори аввал бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон суҳбати телефонӣ кардааст.

Боздошти муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз ҳамлагарони “Крокус”

Дар шаҳри Санкт-Петербург як муҳоҷири 28-сола аз Тоҷикистон бо гумони “дуруст шумурдан ва сафедкунии терроризм” боздошт шудааст.

Ҳукумат маҳдудияти барқро расман тасдиқ кард. Мардум аз 24 соат танҳо 2 соат барқ доранд

Дар пасманзари шикоятҳои зиёди сокинон аз бебарқӣ, ниҳоят мақомоти кишвар маҳдудиятҳои шадиди барқро расман эътироф карданд.