33.9 C
Dushanbe

Таъзияи Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Қазоқистон

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як нома ба ҳамтои қазоқи худ ба мардуми Қазоқистон изоҳори ҳамдардӣ ва ба осебдидагон шифои комил хостааст.

Дар матни номаи Президенти Тоҷикистон ба Президенти Қазоқистон омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич!

Ба Шумо ва мардуми Қазоқистон дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ бар асари ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои охир дар як қатор минтақаҳои кишвар изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунам.

Халқи тоҷик бо мардуми бародари Қазоқистон ҳамдард аст.

Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки изҳори ҳамдардӣ ва таслияти моро ба наздикону пайвандони қурбониён бирасонед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил таманно дорам.»

Ирсоли номаи ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим-Жомарт Тоқаев дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ҳодисаҳои ахири Қазоқистон тибқи оморҳои расмӣ зиёда аз 164 нафар кушта, беш аз 2 ҳазор нафар захмӣ ва ҳудуди 4 ҳазор каси дигар боздошт шудааст.

Мардум дар Қазоқистон дар ибтидо барои гарон шудани нархи гази моеъ ба кӯчаву хиёбонҳо баромада эътироз карданд, сипас ин эътирозҳо характери сиёсӣ касб карда, талаботи сиёсии эътирозгарон зиёд шуд. Сипас дар байни эътирозгарон гурӯҳҳои харобкор ва силоҳбадаст пайдо шуда, дар хеле маворид эътирозҳо ба хушунатҳо ва тахрибкориҳо табдил ёфтанд.

Қосим-Жомарт Тоқаев эътирозгаронро “террорист” хонда, аз аъзои кишварҳои узви СПАД кумак хост. Аксари мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон аз раҳбарияти кишвар хостанд, ки ба Қазоқистон барои саркӯби эътирозгарон нерӯ нафиристад, вале Тоҷикистон 200 сарбозу афсар ба Қазоқистон фиристод.

Ду рӯз пеш собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистонро ҳам бо иттиҳоми даст доштан дар ин ошӯбҳо боздошт карданд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, тартиботи ҷамъиятӣ ба эътидол дароварда шудааст, аммо чун Интернет қатъ шудааст, дастрасӣ ба ахбори алтернативӣ дар он кишвар мушкил гардидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.