Ҳукумати Толибон аз оғози таҳқиқи ҳодисае хабар дод, ки дар натиҷаи он дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чаҳор нафар кушта шуданд. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба сомонаи маҳаллии “Salom Vatandor” иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи Муҷоҳид, тибқи маълумоти аввалия, афроди кушташуда эҳтимолан “қочоқбарони одӣ” будаанд, ки мумкин аст маводи мухаддир ё дигар ашёи мамнуъро интиқол медоданд.
Аммо Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фарзияи дигареро пешниҳод карда, изҳор доштанд, ки афроди кушташуда “чор террористи мусаллаҳ” буданд, ки ба таври ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур кардаанд. Ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, ҳодиса шаби 18-уми январи соли 2026, тахминан соати 00:30, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №7 “Хирманҷо”-и Отряди сарҳадии “Ёл”, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух дода, ҳарчор гумонбар кушта шудаанд.
Гуфта мешавад, аз ҷойи ҳодиса 3 автомати Калашников, 1 таппончаи навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 тир, 3 телефони мобилӣ, 1 ратсия ва 1 қаиқ мусодира шудааст, вале мақомоти Тоҷикистон дар бораи маводи мухаддир чизе нагуфтаанд.
Забеҳулло Муҷоҳид ҳамчунин дар суҳбаташ ба расонаҳо таъкид кардааст, ки Толибон ба ҳеҷ гурӯҳ ё шахсе иҷоза намедиҳад, ки аз қаламрави Афғонистон барои анҷоми фаъолияти шубҳанок ё душманона алайҳи кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон истифода кунад.
Иддаои Муҷоҳид дар ҳолест, ки моҳи гузашта Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар ҳамин минтақаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ду марзбони тоҷик Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков кушта шуданд.
Бояд гуфт, дар як соли охир беш аз даҳ убури ғайриқонии марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҷониби қочоқбарони афғонӣ ва кушта шудани онҳо, ҳамчунин 3 ҳамла аз хоки Афғонистон ба хоки Тоҷикистон, ки бо кушта шудани чанд шаҳрванди Чин анҷомид, сабт гардидааст.
