9.9 C
Dushanbe

Тилек Токтогазиев: аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ чорво мебаранд

Сурат: kaktus.media аз Твиттер

Тилек Токтогазиев, вазири кишоварзии Қирғизистон зимни ҷаласаи парлумон изҳор доштааст, ки сарфи назар аз маҳдудияти содироти чорво аз Қирғизистон онро тариқи қочоқ ҳанӯз ҳам ба Тоҷикистону Узбекистон интиқол медиҳанд.

Бино ба иттилои “Sputnik” Вазири кишоварзӣ таъкид намудааст, ки чорво аз кишвар чун моли гӯё белорусӣ тариқи қочоқ содир мегардад.

Ӯ аз боздиди гуруҳи корӣ аз гузаргоҳи марзии “Сосновка” нақл кардааст:

“Тайи як соат ду мошини калони боркаш аз марз гузаштанд, ки ҳар якашон 30 сар чорво доштанд. Ними чорво бидуни тамға буданд”.

Дар идома Токтогазиев гуфтааст, чорворо гӯё аз Белорус овардаанд, аммо ҳуҷҷатҳо хеле шубҳабарангез буданд, бояд мақомоти дахлдор ба таҳқиқи чунин ҳолатҳо машғул шаванду аз қочоқ ҷилавгирӣ намоянд.

Вале то ҳол дар ин маврид назари ҷониби Тоҷикистон дар бораи ворид гардидани қочоқ аз кишвари Белорусия дастрас нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вакилони рус мехоҳанд муҳоҷирони бештареро ихроҷ кунанд

Рӯйхати моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро пешбинӣ мекунад, метавонад қариб ду баробар зиёд шавад.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Лондон муттаҳам ба озори ҷинсӣ шуд

Додгоҳе дар шаҳри Лондони Британия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои озори ҷинсии духтари 13-сола гунаҳкор донист.

Тоҷикистон дар як ҳафта 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия ворид кардааст

Тоҷикистон дар давоми 5 рӯз 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия вориди бозори худ кардааст.

Вазири Толибон донишҷӯи узбекро барои кӯлоҳи суннатияш зад

Як донишҷӯи узбектабори Афғонистон иддао карда, ки ӯро вазири таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ба хотири доштани тоқӣ ба рӯяш шаппотӣ задааст.