25.9 C
Dushanbe

Ҳамлаи шабонаи қирғизҳо ба маҳаллаҳои тоҷикон дар Чоркӯҳ

Шоҳидон мегӯянд, шаби 11-уми март тахминан соати 01:20 нерӯҳои марзбонии Қирғизистон чанд маҳалларо дар Чоркӯҳ мавриди тирборон қарор доданд.

Вобаста ба ҳодисаи тирпарронии шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон расонаҳои қирғизӣ дигар чиз мегӯянду шоҳидони айнӣ чизи дигар.

Хабаргузории 24.kg бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад, ки шаби 11-уми март тахминан соати 02:50 як ҳодисаи дигар миёни марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон рух дода, тақрибан 20 дақиқа давом кардааст.

Ба иддаои Хадамоти марзбонии Қирғизистон “марзбононони тоҷик дар қитъаи шоҳроҳи Бодканд-Исфана дар мавзеи Эки-Тоши ноҳияи Бодканд ба сангандозии мошинҳои раҳгузар шурӯъ карданд. Онҳо талаби марзбонони қирғизро бораи қатъи амалашон нодида гирифтанд. Сарбозони қирғиз маҷбур шуданд, ки ба ҳаво тир парронанд. Дар ҳамин ҳол як отряди дигари Тоҷикистон, ки дар ин минтақа хидмат мекард, ба манораи дидбонӣ, ки дар он сарҳадбонони қирғиз ҷойгир буданд, оташ кушоданд”.

Дар ҳоле Хадамоти марзбонии Қирғизистон марзбонони тоҷикро ба сар задани ин ҳодиса гунаҳкор мекунад, ки шоҳидони ҳодиса аз маҳаллаҳои Чоркӯҳ чизи дигар мегӯянд.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, нерӯҳои марзбонии Қирғизистон нимашаби 11-уми март ба сурати якҷониба чанд маҳаллаи Чоркӯҳро мавриди тирборон қарор доданд. Ин ҳодиса тақрибан соати 01:20-и шаб рух дода, марзбонони қирғиз ба маҳаллаҳои ба номи Ибод Файзуллоев ва Бӯстон тир холӣ карданд, ки тақрибан 1-1,5 соат давом кард.

Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, бино ба маълумоти пешакӣ дар натиҷаи тирборони марзбонони Қирғизистон ягон нафар мардуми осоишта зиён надидааст.

Як сокини маҳаллаи Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки шаб онҳо дар хона буданд, дар натиҷаи тирпарронӣ хонаҳо зиён надиданд ва мардум низ, аммо то саҳар аз тарс хоб нарафтаанд.

Ӯ дар идома гуфтааст, ки “торик буд ба тарафи маҳалла тир холӣ карданд, вале маълум нест, ки он тир ба куҷо расид. Ва то ҳол хабари маҷруҳ шудан ё нашудани касе аз мардуми осоиштаро нашунидаанд.”

Мутаассифона, мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман дар бораи ҳодисаҳои дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рухдода, изҳори назар накардааст. Ва тамоми расонаҳо фарзияи Қирғизистонро нашр мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми март дар пайи тирпарронӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз як низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта ва як сокини маҳаллӣ захмӣ шуд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки аз ҷониби онҳо касе осеб надидааст. Пас аз ин ҳодиса миёни намояндагони мақомоти ду ҷониб музокира сурат гирифт. Аммо дида мешавад, ки ин музокира бенатиҷа анҷом шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дархости мухлисони футбол аз “Барқи тоҷик”

Сокинони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз ширкати "Барқи тоҷик" талаб доранд, ки имшаб барои тамошои футболи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ан-Наср”- и Арабистони Саудӣ, барқро қатъ накунанд.

Чанд шаҳру ноҳия дар рӯзи аввал нақшаи даъватро иҷро карданд

Мақомоти ВМКБ, баъзе ноҳияҳои вилояи Хатлон ва вилояти Суғд хабар доданд, ки нақшаи даъватро дар як рӯз пурра иҷро кардаанд.

Баъди бо тухм задани Раҳмон, намоянданони ҳукумат дар нишасти САҲА ширкат мекунанд?

Нишастҳои навбатии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон аз имрӯз, 2-уми октябри соли 2023 шуруъ мешавад.

Дар Тоҷикистон боздошти пайвандони мухолифон идома дорад

Бо гузашти се рӯз аз тазоҳурот ва бо тухм...