Боз тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Субҳи рӯзи 10-уми март дар минтақаи марзии ҷамоати Чоркӯҳи Исфара байни марзбонони тоҷик ва қирғиз тирпарронӣ рух дода, аз ҷониби Тоҷикистон як марзбон кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст.

Тавре расонаҳо хабар доданд, ин ҳодиса субҳи имрӯз тахминан соати 09:30 рух додааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман дар ин бора чизе нагуфтаанд, аммо Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, аз ҷониби онҳо касе кушта ва ё захмӣ нашудааст.

Радиои Озодӣ шарҳи ҳодисаро аз қавли манбааш дар мақомоти маҳаллии Исфара чунин навишт: “ҳодиса ҳангоми иваз шудани қисми навбатдории сарҳадбонони тоҷик рух додааст. Вақте ҳайати нави сарбозон меоянд, аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз луқмапартоӣ мешавад ва беогоҳӣ ба ҷониби мо тир холӣ мекунанд. Дар натиҷа сарбози мо дар ҷойи ҳодиса меафтад ва як деҳқон захм мебардорад.”

Аммо “Sputnik Тоҷикистон” аз қавли Зикрулло Каримов, як сокини ҷамоати Чоркӯҳ навишт, ки ӯ мегӯяд, “субҳи 10 март сарҳадбонони қирғиз ба сӯйи чанд сокини деҳа, ки ба шинонидани ниҳол дар заминҳои худ машғул буданд, шиллик карданд.”

Гуфта мешавад, айни замон мақомоти ноҳияҳои наздимарзии ду кишвар барои таҳқиқ ба ҷои ҳодиса рафтаанд ва гуфтушунид идома дорад.

Даргирии ахир байни ин ду кишвари ҳамсоя охири моҳи январ рух дода буд ва аз ҷониби Тоҷикистон 2 кушта ба ҷо гузошт. Пас аз он сокинони наздимарзӣ ва мақомоти маҳаллии ноҳияҳои Исфараву Бодканд, Бобоҷон Ғафурову Лайлак барои хотима додани муноқишаҳо бо ҳам оши оштӣ ташкил карда, сари дастархон якҷо нишаста буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Литва қабули дархости нави муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро боздошт

Давлати Литва қабули дархостҳои нави муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт.

Русия қоидаҳои ҷалби муҳоҷирони кориро сахттар мекунад

Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кардааст, ки аз соли 2027 дар баъзе соҳаҳо шумори коргарони хориҷӣ дар 10 минтақаи кишвар коҳиш дода шавад.

Музокироти Амрико ва Эрон дар ҳошияи нишасти СММ: Оё сулҳе дар роҳа аст?

Амрико ва Эрон рӯзи 22-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк тавассути миёнаравҳо музокирот анҷом доданд.

Русия интиқоли дизелро ба Тоҷикистон афзоиш дод

Моҳи августи соли 2026 Русия ба Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол додааст.