-5.1 C
Dushanbe

Тоҷикистон аз Қатар хост, ки марказҳои тиҷоратӣ бисозад

Сафири Тоҷикистон дар Қатар зимни мулоқот бо намояндаи Палатаи савдо ва саноати Қатар аз вай хост, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 10-уми сентябри соли 2024 Нурмурод Маҳмадалӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Қатар бо Тувар ал-Куварӣ, муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Қатар мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот “ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва биносозӣ, аз ҷумла сохтмони марказҳои савдо ва тиҷоратиро баррасӣ намуданд.”

Ҳамзамон ҷонибҳо ба зарурати барқарор намудани робитаҳои зич байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати давлати Қатар таъкид карданд.

Гуфта мешавад, сафири ҷадиди Тоҷикистон дар давлати Қатар дар ин авохир хеле фаъол шуда, талош дорад, ки соҳибкорону тоҷирони давлати Қатарро барои сармоягузорӣ кардан дар Тоҷикитсон ҷалб кунад.

Аммо бо таваҷҷуҳ ба бархе таҷрибаҳои талхи сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон раванди ҷалби сармоягузорон ба мушикилоти зиёд, аз ҷумла адами эътимод ба мақомоти Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст.

Набуди эътимод ба мақомоти Тоҷикистон, ки рушди фасоди идорӣ ва ахлоқӣ дар байни онҳо хеле рушд карда, дар бозорҳои сармоягузорӣ рақобатҳои носолимро ба вуҷуд овардаааст. На танҳо ҷалби сармоягузорони арабро мушкилтар карда, балки дар умум фирори тоҷирону сармоягузоронро аз мабалғагузорӣ кардан дар Тоҷикистон низ зиёдтар кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар масири Душанбе–Чаноқ наздики 30 тарма фаромадааст

Дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои пай дар пай роҳи Душанбе–Чаноқ муваққатан баста шуд.

Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ПМТ

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар дохили ин эътилоф хабар додааст.

Шиканҷагаронро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Додситонии шаҳри Душанбе пас аз марги мармузи Мақсудҷон Саидов, бар зидди ду корманди милисаи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Пулиси Душанбе аз муноқишаи эҳтимолии ноболиғон пешгирӣ кард

Пулиси шаҳри Душанбе аз сар задани муноқишаи эҳтимолии як гурӯҳ ноболиғон пешгирӣ кардааст.